Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Британия 1900 нафар барои беназмиҳо боздошт шуданд


Борис Ҷонсон-шаҳрдори Лондон ва Тим Годвин-раиси полиси Лондон

Борис Ҷонсон-шаҳрдори Лондон ва Тим Годвин-раиси полиси Лондон

Рӯзи ҷумъа полиси Лондон гуфт, ки барои беназмиҳои ҳафтаи ҷорӣ дар Лондон бештар аз 1 900 нафар боздошт шудаанд ва тақрибан нисфи онҳо гунаҳгор дониста шудаанд. Шаби шанбеи ҳафтаи гузашта ин беназмиҳо дар Лондон шуруъ шуд ва дар шаҳрҳои дигар аз он пайравӣ карданд. Тим Годвин-раиси полиси Лондон гуфт:

“Ҳоло мо аз ҳимояти зиёди мардум бархӯрдор ҳастем. Мо ҷиддӣ кор мебарем, то ҷинояткоронро шиносӣ кунем ва мо мехоҳем ин корро бераҳмона давом диҳем, агар ин кор моҳҳоро ҳам дар бар бигирад. Мо давру барро мегардем, додгоҳҳо барпо мекунем. Ин аст ваъдаи мо ба сокинони Лондон”.

Додгоҳҳои Лондону Бирмингам ва Манчестр дӯ рӯз аст шабонарӯзӣ кор мекунанд ва ба муҳокимаи боздоштшудагон машғуланд.
XS
SM
MD
LG