Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Ислом Каримов ба Остона нарафт?


Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ иштирок накард...
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ иштирок накард...

Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Остона пушти дарҳои баста нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СПАД доир шуд.

Ин паймон 7 кишвари пасошӯравӣ – Русияву Беларусу Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро муттаҳид мекунад.

Аммо Ислом Каримов - раисиҷумҳури Узбакистон ба Остона наомад. Дабири кулли СПАД, Николай Бордюжа, гуфт, ки Каримов ибтидо барои ҳузур дар ин ҷаласа розигӣ буд, вале чанд рӯз пеш аз ширкат даст кашид.

Ин панҷумин нишасти ғайрирасмии ин паймон буда, тасвиби кадом санадеро дар назар надорад. Бино ба хабарҳо, танҳо раисиҷумҳури Русия -- Дмитрий Медведев бо либоси расмӣ зоҳир шуд, вале баъд аз ишораи Назарбоев, хандида галстукашро кашид ва ба ҷайби пиҷакаш андохт.

Шаш раҳбар дар Остона масоиле, чун вазъи Ховари Миёна ва Африқои шимолӣ, ҳамкорӣ дар роҳи мубориза бо терроризму тундгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, пайомадҳои хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон, бахусус барои Осиёи Марказиро баҳс кардаанд.

Аляксандр Лукашенка, раисиҷумҳури Беларус, ки кишвараш раёсати давраии СПАД-ро бар дӯш дорад, баъд аз анҷоми нишаст гуфт, ки онҳо қасд доранд, ба зудӣ такмили суфуф ва таъмини силоҳи нерӯҳои муштараки зудамали ин созмонро анҷом диҳанд.

Лукашенка гуфт, ҳаводиси ҷаҳони Араб пеши СПАД вазифаҳои наве мегузорад ва онҳо бо дарназардошти ин тавофуқ кардаанд, то СПАД роҳҳои муқобила бо чолишҳои эҳтимолӣ, пеш аз ҳама дар фазои иттилотиро таҳия кунад.

Сарони кишварҳо пас аз анҷоми кор дар Остона бо даъвати мизбон – раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба мавзеъи истироҳатии Бӯрабой рафтанд, ки дар шароити боз ҳам ғайрирасмитар ба кор ё истироҳати худ идома диҳанд.

Зимнан, соли оянда аз таъсиси СПАД 20 сол пур мешавад ва омодагиҳо ба ин ҷашн низ аз мавзӯъҳои баҳс дар Остона будааст. Вале ба бовари таҳлилгарон, ин эътилофи амниятӣ бештар дар маҳдудаи танги ҷаласоти сарон ва тамринҳои каммаҳсули зоҳирӣ дармондааст.

Онҳо мегӯянд, ба сурати умум кулли созмонҳои пасошӯравӣ дучори буҳрони бефаъолиятист ва нишастҳои саронаш бештар ба як маҳфили гапфурӯшии оқсақолҳои солдида монанд шудааст.
XS
SM
MD
LG