Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
“Азия-Плюс” хабар медиҳад, ки додгоҳи шаҳрии Хуҷанд Николай Павлочев-шаҳрванди 47 солаи Қазоқистонро барои куштори як сокини Хуҷанд ба 14 соли зиндон маҳкум кардааст. Бино ба гуфтаи қозии додгоҳ, Николай аз соли 2009 дар Хуҷанд аст ва ҷои зист надорад. Вай дар қабристони масеҳиёни Хуҷанд ба сар мебарад. 2 сентябри соли 2010 вай дар ҳолати мастӣ бо шиноси худ Валиҷон Туробов вохӯрдааст ва баъд аз моҷарое ба синаи вай корд задааст. Николай мӯҳлати ҷазоро дар зиндони дорои шароити шадид сипарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG