Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Печидагиҳои танзими ҳаракати нақлиёт дар пойтахт


Яке аз хиёбонҳои сермошини шаҳри Душанбе

Яке аз хиёбонҳои сермошини шаҳри Душанбе

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, аз ӯҳдаи танзими ҳаракати нақлиёт дар пойтахт баромада наметавонад.

Абдулҳомид Шералиев, роҳбари "Душанбенақлиётхадамотрасон", ниҳоди масъули танзими ҳаракати нақлиёт дар шаҳр мегӯяд, вуруди хатсайрҳо аз деҳоту навоҳии атрофи Душанбе мушкили аслӣ ба шумор меояд: «Сабаби ба низом оварда натавонистани мо маҳз ҳамин хатсайрҳоянд. Воситаҳои нақлиётӣ ба пойтахт зиёд ворид мешаванд. Масалан, дар оморе, ки мо дорем, яъне худ ҳисоб кардаем, ҳамарӯза ба шаҳр ҳудуди 4, 5 ҳазор мошин ворид мешаванд, ҳол он, ки дар дохили шаҳр барои хизматрасонӣ мо ба ҳудуди 2, 5 ҳазор воситаи нақлиёт зарурат дорем. Азбаски зиёдатӣ ворид мешавад, имкони назорат ҳам нест.»

БЕНАЗМИҲОИ ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ ДАР ПОЙТАХТ

Мавзуна, як сокини Душанбе ҳам мегӯяд, беназмиҳои ҳаракати нақлиёт дар шаҳр рӯз ба рӯз бештар мешаванд: “Дар шаҳр бенизомӣ ҳаст. Ҳар саҳар ман аз 9 км шаҳр меоям. Дар як истгоҳи «Садбарг» ҳама хатсайрҳо ҳастанд, чӣ дохили шаҳру чӣ атроф. Аз Ваҳдату Файзободу Роҳативу дигар ҷойҳо мошинҳои мусофиркаш меоянд. Одам бисёр, мошин бисёр. Одамон намедонанд, ки кадом истгоҳи куҷост.»

Аммо Алим, як сокини Ваҳдат мегӯяд, он чӣ шаҳрдорӣ талаб мекунад, ба манфиати мардум нест: «Шаҳрдорӣ ҳам дар пайи манфиати худ аст. Вагарна барои мо ё як нафари

дигаре, ки аз Вахдат ё Хисор меояд, бехтар ин аст, ки дар Садбарг ё Зарнисор фароем. Ин барои мо мувофиқ аст. Пул ҳам кам харҷ мешавад».

Масъулини шаҳрдорӣ мегӯянд, ба Душанбе аз 8 самт хатсайрҳо ворид мешаванд ва дар кулл назорати онҳо бар дӯши ширкати «Мусофирбар», як ширкати тобеъи вазорати нақлиёти Тоҷикистон аст.

КӢ МУШКИЛ ЭҶОД МЕКУНАД?

"Душанбенақлиётхадамотрасон" бар ин аст, ки агар ин ширкат хатсайрҳои худро танзим кунад, мушкили ҳаракати нақлиёт дар нуқтаҳои калидии шаҳр, аз қабили «Садбарг», «Зарнисор», «Сарҳадчиён» ва «Саховат», ки аксар вақт мувоҷеҳ ба раҳбандони тӯлонианд, бартараф мешавад. Ба қавли онҳо, агар хатсайрҳои ширкати «Мусофирбар» дар терминалҳои дарвозаҳои чор тарафи Душанбе таваққуф кунанд, мушкил рафъ хоҳад шуд.




Аммо Сафаралӣ Гулов, сарвари «Мусофирбар» мегӯяд, ин ширкат ҳудуди 550 мошин дар ихтиёр дорад ва ин миқдор воситаи нақлиёт барои пойтахт мушкил эҷод карда наметавонад: «Ҳозир дар пойтахт воқеан мошин бисёр шудааст. Азбаски танзим вуҷуд надорад, афроди ҳирфаӣ сари кор нестанд ва раиси шаҳр аз масъулин талаб мекунад, ки мушкилотро ҳал кунанд. Посухи Шералиеву дигарон аз «Душанбехадамотнақлиётрасон» ҳамин аст, ки мошинҳои корпоратсияи «Мусофирбар» ин мушкилро эҷод мекунанд. Мушкил ин аст, ки онҳо ҷавонанд ва таҷриба надоранд. Як ситод ҳам ташкил кардаанд. Ва расонаҳо ҳам он чӣ Шералиев мегӯяд, менависанд.»

Шаҳрдории Душанбе соли 2002 ва ахиран соли 2009 ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди хатсайрҳои навоҳии атроф ба маркази Душанбе ду қарор ба тасвиб расонд, ки амалӣ нашуданд. Ахиран шаҳрдорӣ дар ҳайати масъулин, аҳзоб,

рӯзноманигорон ва вакилони мардумӣ барои ҳалли мушкилоти нақлиёт дар пойтахт як ситод ҳам созмон додааст. Бар асоси хулосаҳои ин ситод, ширкати «Мусофирбар» дар бораи теъдоди воситаҳои нақлиёте, ки дар ихтиёраш ҳастанд, иттилоъи нодуруст дода, балки дар ихтиёр 10 баробар зиёд, яъне ҳудуди 5, 5 ҳазор мошин дорад ва рӯзона аз ҳар яке 1 сомонӣ ҳақ меситонад.

Сафаралӣ Гулов ин арқомро рад кард. Вай гуфт, ширкаташ ба мошинҳое сарукор дорад, ки дар ихтиёраш ҳастанд ва ба дигарон коре ҳам надорад.

Аммо Зиёратшоҳ Хушов, муовини сардори Раёсати бозрасии давлатии шаҳри Душанбе мегӯяд, назорати ин гуна мошинҳое, ки дар хатсайрҳо ғайриқонунӣ ҳаракат мекунанд, масъулияти ширкати «Мусофирбар» аст: «Масъулият ба худи корхона аст. Бояд корхона он ҷо мошинҳоро нигоҳ дорад. Вақте ворид шуд, мувофиқи талаботи кодекс мо нисбати мошин маводгузорӣ мекунем. Бо моддаи 323, тағйир додани хатсайр рӯзона то 40 то 60 протокол ё мавод омода мекунем.»

МУШКИЛИ РОНАНДАГОН...

Аксари хатсайрҳое, ки аз атрофи Душанбе ба шаҳр мусофир мекашанд, аз терминалҳои барояшон муқарраршуда истифода намекунанд, баръакс, хилофи қонун вориди пойтахт мешаванд. Аз ҷумла, хатсайрҳои самти Ваҳдат то «Садбарг» меоянд, дар ҳоле ки терминал барои онҳо дар километри 9 сохта шуда ва ё хатсайрҳои самти Варзоб то кӯчаи «Сарҳандчиён», маъруф ба «Водонасос» пеш меоянд.

Маъруф, як ронандаи варзобӣ мегӯяд, барои ӯ шахсан таваққуф дар терминал беҳтар аз ворид шудан ба шаҳр аст,

зеро он ҷо мусоидтар аст: «Ман розӣ, ки дар терминал биистам. Аммо дигарон намеистанд. Омада мизоҷонро аз даруни шаҳр мегиранд. Агар дар терминал биистӣ, дар ду рӯз ҳам мошинат пур намешавад.»

Иддае ҳам бар инанд, ки ба раҳбари «Мусофирбар» Сафаралӣ Гулов нарасидани зӯри шаҳрдорӣ ба бародари Шералӣ Гулов, вазири саноату энержӣ ва раисҷумҳури Тоҷикистон қаробат доштани ӯ вобастагӣ дорад. Аммо худ оқои Гулов ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ бамаротиб аз бародараш бузург аст ва таҷрибаи бештаре дар мансаб дорад. Вай афзуд, мушкил нақлиёти шаҳр дар ҳирфаияти заъифи масъулин аст.

"МУСОФИРБАР" АЗ ӮҲДАИ МАСЪУЛИЯТ НАМЕБАРОЯД?

Аммо Абдулҳақ Оев, муовини раиси шаҳри Душанбе, таъкид мекунад, ки «Мусофирбар» аз ӯҳдаи масъулиятҳои худ намебарояд: “Мусофирбар» ҳам як ташкилоти ҷумҳуриявӣ аст ва ба вазорати нақлиёт итоат мекунад. Онҳо якҷоя амал мекунанд. Ин масъала аз соли 2009 ба ин сӯ идома дорад. Гап дар бораи мухолифати шаҳрдориву корпоратсия намеравад. Мо мехоҳем, ки корпоратсия вазифаи худро иҷро кунад.»

Коршиносон мегӯянд, баҳси мазкур имкон дорад боз то чанд соли дигар идома кунад, зеро ҳарду ҷониби бартариву заъфи худро доранд, аммо аз ҳама муҳим талаботи бозор аст ва аз васоити нақлиёт маҳз ҳамон таваққуе ҳаст, ки мизоҷон - манбаъи аслии даромад доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG