Пайвандҳои дастрасӣ

Тасмими ноҳияи Бохтар ва номҳои баҳсбарангез


Раҳбарони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон тасмим гирифтаанд, ки дар ҳудуди ноҳияи худ номи тақрибан 100 деҳу маҳал ё муассисаро тағир диҳанд. Онҳо гуфтаанд, номҳои пешин ба расму суннатҳои мардуми маҳаллӣ созгор нест. Абдуамин Исмоилов-раиси ноҳияи Бохтар дар ҷаласаи ноҳи дар ин бора ин гуна изҳори назар кард:

“Мо бояд қаҳрамонони миллат, номбардорони давлатро вазифадорем, ки номашонро абадӣ гардонем”.

Вале баъзе номҳо мисли Файзалӣ Саидов дар ин радиф баҳсҳоро барангехтааст ва муносибати аҳолии маҳал ба он яксон нест. Бештари аҳолии ин ноҳия дар солҳои Шӯравӣ аз манотиқи кӯҳистонӣ кӯч дода шудаанд ва ин деҳот дар он солҳо пайдо шудааст. Ба ин далел, замоне ба ин деҳот номҳои Ворошилов, Косигин, Максим Горкий, Шевченко ва амсоли он ном ниҳодаанд. Ба ҷои ин номҳо ҳоло номҳои шахсиятҳои маъруфи илмиву фарҳангии Тоҷикиситон гузошта шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG