Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оташ ба сӯи тазоҳуркунандагон баъд аз намоз дар Сурия


Рӯзи ҷумъа нируҳои Сурия дар чанд шаҳр ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушоданд. Нируҳои режими Башор Асад-раиси ҷумҳури ин кишвар ба саркӯбии тазоҳуркунандагон идома доданд. Дар шаҳри Ҳамо нируҳои амниятӣ баъд аз намози пешин ба сӯи тазоҳуркунандогон оташ кушоданд ва як нафар кушта шуд. Дар шаҳри Ҳомс низ як мард кушта шудааст. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз Русияву Чин ва Ҳиндустон хост, ки ба таҳримҳои зидди режими Сурия ҳамроҳ шаванд. Хонум Клинтон гуфт:

“Кореро, ки мо бояд барои ворид овардани фишор ба Асад анҷом диҳем, бояд саноати газу нафтро таҳрим кунем. Мо мехоҳем, ки Аврупо дар ин самт бештар қадам бардорад”.

Хонум Клинтон ҳамчунин аз Русия даъват кард, ки ба Сурия аслиҳа нафурӯшад. Дар бораи кушторҳои дигар низ аз Сурия гузоришҳо мерасад.
XS
SM
MD
LG