Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози покистонӣ барои куштор ба қатл маҳкум шуд


Қотилро мебаранд
Қотилро мебаранд
Рӯзи ҷумъа додгоҳи Покистон як сарбози воҳиди ниманизомиро маҳкум ба эъдом кард. Вай барои куштори як ҷавони бесилоҳ муттаҳам дониста шуд. Ин намунаи нодир аст, ки корманди ниҳоди қавии амниятӣ барои куштор дар чашми мардум муҷрим шинохта мешавад. Саҳнаҳои куштори Сарфароз Шоҳро , ки дар боғи шаҳри Карочӣ моҳи июн рух додааст, бо телефон ба навор гирифтаанд. Навор аз тариқи телевизионҳо ба намоиш даромадааст ва ғазаби мардумро барангехтааст. 6 нафари дигар, 5 нафари онҳо низомӣ ва як нафар ғайринизомӣ барои ин куштор ба ҳабси абад маҳкум шуданд.
XS
SM
MD
LG