Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишорҳои афзоянда ба аҳли суннат дар Эрон


Ахиран дар Зоҳидон як рӯҳонии шиъаро ба ҳайси масъули барномарезии мадориси мазҳабии аҳли суннат муаррифӣ карданд.

Ин иқдом ба вокуниши манфии ақалияти суннӣ рӯбарӯ шуд. Дар Эрон ҳудуди 10 дарсади аҳолӣ ва асосан туркманҳову курдҳо, балуҷҳо ва миқдоре аз арабҳо аз мазҳаби суннӣ пайравӣ мекунанд. Аксарияти кулл, ё чизе наздик ба 90 дарсади аҳолии Эронро шиъаҳо ташкил медиҳанд ва худи низоми Ҷумҳурии исломӣ, ки бар пояи усули «вилояти фақеҳ» бино шудааст, низ такя бар таълимоти мазҳабӣ шиъа мекунад.

ДАХОЛАТ Ё СОЗМОНДИҲИИ УМУРИ АҲЛИ СУННАТ?

Аҳли суннат дар Эрон ҳамеша аз таъқиби мақомот шикоят мекарданд, вале мегӯянд, Ҷумҳурии исломӣ то кунун аз чунин мудохилаи рӯирост дар умури аҳли суннат парҳез мекард. Мавлавӣ Абдулҳамид, имоми намози ҷумъаи Зоҳидон - маъруфтарин ҳавзаи аҳли суннат дар Эрон - дар як паёми ба таври фавқулода тунд дар вокуниш ба иқдоми ахири Ҷумҳурии исломӣ гуфт, давлат ҳаққи чунин дахолат дар умури онҳоро
Масҷиди "Маккӣ" дар шаҳри Зоҳидон

надошт: «Бисоти миллии мо Қонуни асосист. Вақте Қонуни асосӣ ба мо озодии амалдорӣ медиҳад, мо наметавонем, ки ҳавзаҳои худрову масоҷиди худро ба дасти давлат бидиҳем.»

Аммо оятуллоҳ Сулаймонӣ, намояндаи раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар Зоҳидон гуфтааст, ин дахолат нест, балки танҳо сомондиҳии кори мадориси аҳли суннат аст. Ин вакили Хоманаӣ гуфтааст, бархе аз ин мадорис ақидаҳои ифротии ваҳҳобияро таблиғ ва тадрис мекунанд. Ва зоҳиран дар ҳавои чунин иддаоҳост, ки шиорҳои алайҳи ваҳҳобия дар ин авохир дар раҳпаймоиҳои тарафдорони давлати Эрон зиёд садо медиҳад: «Марг бар ваҳҳобӣ! Марг бар мавлавии ваҳҳобӣ!»

МАВЛАВӢ АБДУЛҲАМИД: "МО АЗ МАРГ ҲАРОСЕ НАДОРЕМ."

Намояндаи оятуллоҳ Хоманаӣ дар устони Систону Балуҷистон гуфтааст, ислоҳи барномаҳои таълимии мадориси аҳли суннат дар ин минтақа 5 солро дар бар хоҳад гирифт. Аммо ба гуфтаи Мавлавӣ Абдулҳамид, имоми масҷиди марказии Зоҳидон, чунин ислоҳот як «хатти қирмиз» аст, ки аҳли суннат ба ҳеҷ сурат ба он тан нахоҳанд дод: «Шарти ухувват ва бародарии мо ин аст, ки шумо ба масоили мазҳабии мо кор нагиред. Назорат кунад давлат, мо мепазирем. Мо итоат мекунем аз давлат ва аз мақоми муаззами раҳбарӣ, вале масоили мазҳабиамонро наметавонем дар ихтиёри шумо бигузорем. Мо масоили мазҳабиамонро то замоне, ки Ҷумҳурии исломӣ ҳаст ва баъд аз ҷумҳурии исломӣ ҳам ба дасти ҳеҷ ҳукумате намедиҳем. Ва моро на аз зиндон битарсонед ва на аз эҳзор ва на аз марг мо ҳаросе дорем.»

Аммо ба бовари таҳлилгарони суннӣ, ҳадафи мақомоти Эрон аз ислоҳи барномаи кори мадориси аҳли суннат хеле фаротар аз танҳо ислоҳи ин барномаҳост ва зоҳиран баёнгари таҷдиди назар дар сиёсати куллии Ҷумҳурии исломӣ дар қиболи ақалиятҳои мазҳабист.

ФИШОРИ АФЗОЯНДА БА АҚАЛЛИЯТҲО

Абдулсаттори Душукӣ, таҳлилгари масоили Систону Балуҷистон дар Лондон мушкили мавҷуд байни рӯҳониёни сунниву шиъа дар Эронро чунин баршумурд: «Ҷумҳурии исломӣ дар зоҳир навъе мудоро ва
Абдумолик Регӣ, раҳбари собиқи гурӯҳи "Ҷундуллоҳ"

таҳаммулу бурдбориро нисбат ба сунниҳои Эрон дорад, вале дар амал ҳамлаҳои ҷисмонӣ ба устодони ин мадорис ва ҷилавгирӣ аз сафарҳои онҳо нишон медиҳад, ки ҳарф бо амали мақомот дар робита ба сунниҳо яке нест. Ин тарҳи фишор ба уламо барои таҳти назорат овардани мадориси онҳо чанд сол боз ҳамвора идома дошт ва дар моҳҳои охир шиддат гирифтааст. Ин гунаи табъизу фишор боис мешавад, ки гурӯҳҳои хушунатгаро ва тунде, ки ин тазъифотро мебинанд, рушд кунанд.»

Устони Систону Балуҷистон ба маҳзи фаъолият ва ҳамлаҳо пайвастаи чирикҳои ҷудоихоҳи «Ҷундуллоҳ» ҳамеша барои мақомоти Эрон дарди сар эҷод мекард. Ба бовари таҳлилгарон, талоши зери назорати бештар овардани кори мадориси аҳли суннат зоҳиран боиси боз ҳам зеризаминитар шудани таълимоти мазҳабии ин мардум ва табъан мояи дардисарҳои бештаре барои Ҷумҳурии исломӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG