Пайвандҳои дастрасӣ

Дар беназмиҳои Лондон 600 нафарро гунаҳгор медонанд


Боздошти гумонбарон дар ҷануби Лондон

Боздошти гумонбарон дар ҷануби Лондон

Полиси Лондон мегӯяд, дар давоми ҳафтаи ҷорӣ дар ҷараёни беназмиҳо дар ин шаҳр тақрибан 600 нафарро муттаҳам медонанд. Дар саросари кишвар бештар аз 1 700 нафар боздошт шудаанд. Онҳоро барои тазоҳуроту дуздӣ гунаҳгор мешуморанд. Шаби шанбеи ҳафтаи гузашта ин беназмиҳо дар Лондон шуруъ шуд ва дар шаҳрҳои дигар аз он пайравӣ карданд. Дар ин муддат 5 нафар кушта шудаанд ва ҳоло полис 3 нафарро барои ин кушторҳо бозпурсӣ мекунад. Девид Камерон-нахуствазир қавл дод, ки қонуншиканҳо таъқиб, дастгир ва ба муҷозот кашонда мешаванд. Мақомот мегӯянд, ин беназмиҳо ангезаи сиёсӣ надорад, балки ҷинояти маъмулист.
XS
SM
MD
LG