Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон раҳбари куммунистҳоро ҷарима карданд


Нурияш Абдураимова-яке аз раҳбарони Ҳизби Куммунисти Қазоқистон барои ширкат дар тазоҳуроти эътирозии ҳазорон нафар каргарони нафт ҷарима баста шудааст. Вай ба бахши қазоқии радиои озодӣ гуфтааст, ки барои изҳори назар дар бораи вазъи кунунӣ дар тазоҳуроти эътирозии ғайриқонунии кормандони нафт 50 доллар ҷарима шудааст. Вай гуфтааст, полис субҳи рӯзи чаҳоршанбе ба хонаи вай омадааст ва вайро ба додгоҳи маҳаллӣ бурдааст. Дар оғоз вайро барои созмон додани ин тазоҳуроти ғайриқонунӣ муттаҳам донистаанд, вале баъдтар ин ҷурмро лағв ва барои ширкат дар тазоҳурот муттаҳам кардаанд.
XS
SM
MD
LG