Пайвандҳои дастрасӣ

Тимошенко то судури ҳукми додгоҳ дар боздошт мемонад


Юлия Тимошенко

Юлия Тимошенко

Баъд аз он, ки имрӯз додгоҳи Украина нахост даъвои Юлия Тимошенко-нахуствазири собиқи ин кишварро бишнавад, вай бояд ҳамчунон дар зиндон бимонад. Вай бар зидди боздошташ дар дафтари полис ба додгоҳ шикоят бурдаааст. Иддао мешавад, ки Тимошенко дар соли 2009 чун нахуствазир ҳангоми имзои қарордоди газ бо Русия аз мақоми худ сӯистифода кардааст. Вай дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина дар соли 2010 номзадии худро дар муқобили Виктор Янукович пешбарӣ карда буд, вале интихоботро бохт. Ҳоло вай бар ин ақида аст, ки боздошти вай ва кашондани вай ба додгоҳ ангезаи сиёсӣ дорад. Амрико ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти Украина тақозо кардаанд, ки Тимошенкоро раҳо кунанд, зеро дар айни замон мурофиаи додгоҳии вай идома дорад.
XS
SM
MD
LG