Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе дояи ғайриқонунӣ боздошт шуд


Кормандони полиси шаҳри Душанбе занеро боздошт кардаанд, ки дар хонаи худ ғайриқонунӣ ба доягӣ машғул буд. Татяна Исроиловаи 53 сола 11 август барои фаъоляти ғайриқонунии тиббӣ боздошт шудааст. Баъд аз таваллуд дар хонаи вай зане бо кӯдакаш даргузаштааст. Бино ба маълумоти полис, як сокини 36 солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар натиҷаи фаъолияти ғайрикасбии Татяна дар ҳолати сангин ба яке аз марказҳои тиббии вазорати тандурустӣ интиқол дода шудааст, вале пизишкон натавонистаанд вай ва кӯдакашро наҷот диҳанд. Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар додааст.
XS
SM
MD
LG