Пайвандҳои дастрасӣ

Режими Сурия саркӯбии тазоҳуркунандагонро идома медиҳад


Бино ба гузоришҳо, нируҳои Сурия қабл аз оғози тазоҳуроти эътирозии зидди давлатӣ ба амалиёт шуруъ кардаанд. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, нируҳои давлатӣ бо ҳимояти танкҳо ба шаҳраки Хон Шейхон, воқеъ дар вилояти Идлиб ҳамла бурдаанд ва дар як тирандозии шадид зане кушта шудааст. Гузориш мешавад, ки як мард низ дар наздикии шаҳри Димишқ замоне кушта шудааст, ки нируҳои амниятӣ сокинонро боздошт мекарданд. Ин кушторҳо дар ҳоле анҷом мегирад, ки фишори маҳофили байналмиллалӣ ба режими президент Башор Асад барои саркӯбии тазоҳуркунандагон афзоиш меёбад. Рӯзи панҷшанбе Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз Русияву Чин ва Ҳиндустон хост, ки ба таҳримҳои зидди режими Сурия ҳамроҳ шаванд. Хонум Клинтон гуфт:

“Кореро, ки мо бояд барои ворид кардани фишор ба Асад анҷом диҳем, бояд саноати газу нафтро таҳрим кунем. Мо мехоҳем, ки Аврупо дар ин самт бештар қадам бардорад”.

Вай ҳамчунин аз Русия даъват кард, ки ба Сурия аслиҳа нафурӯшад.
XS
SM
MD
LG