Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анвар Юнусов – қаҳрамони бокси Осиё


Анвар Юнусов, муштзани тоҷик

Анвар Юнусов, муштзани тоҷик

Анвар Юнусов, муштзани тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Дар ин мусобиқа, ки дар Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд, Мададӣ Нағзибеков, муштзани дигари тоҷик соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 5 варзишгар намояндагӣ кард ва ду нафари онҳо соҳиби медал шуданд.

Анвар Юнусови 24-сола дар рақобатҳо дар вазни то 56 кг 12-уми август дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақибаш Отгондалай Дорҷниамбуу аз Муғулистон аз рӯи холҳо бо ҳисоби 13:10 ғалаба кард ва барои бори аввал ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.

Муштзани дигари тоҷик Мададӣ Нағзибеков, ки дар вазни то 60 кг дар сабқати ниманиҳоӣ аз рақиби чинии худ бо ҳисоби 11:20 мағлуб шуд, дар натиҷа мақоми севумро касб кард ва аввалин бор барандаи медали биринҷӣ гардид. Дар ин вазн Айдар Амирзоқови қазоқ медали тилло ба даст овард.

Дар ҳисоби дастаӣ Тоҷикистон мақоми шашумро касб кард. Мунтахаби Чин, ки шаш медал (ду тилло, се нуқра ва як биринҷӣ) гирифт, ғолиби мусобиқот шуд. Дастаи Қазоқистон бо касби панҷ медал(ду тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ) дар ҷои дуввум ва тими Куриёи Ҷанубӣ бо касби чаҳор медал (ду тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) дар ҷои саввум қарор гирифтанд. Муғулистон бо чаҳор медал (як тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ) чаҳорум шуд. Мунтахаби Узбакистон, ки як медали тилло ва ду биринҷӣ ба даст овард, пеш аз Тоҷикистон, дар зинаи панҷум ҷойгир шуд. Дастаи Сурия бо як медали тилло мақоми ҳафтумро касб кард.

Ба гуфтаи Бобоҷон Маҳмадрасулов ин мусобиқа барои муштзанҳои тоҷик санҷише буд пеш аз сабқати ҷаҳонии бокс, ки моҳи сентябр дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG