Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагии мушкил пас аз 8 зарби корди миллатгароҳо


Фирдавс Юсуфов
Фирдавс Юсуфов

Фирдавс Юсуфов мегӯяд, дар сурати ҳимоят наёфтан имкон дорад, ки додгоҳ ӯву бародаронашро муттаҳам кунад.

Моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербург миллатгароҳо ба бадани Фирдавс Юсуфов, ҷавони тоҷик ҳашт корд заданд. Ӯ бо кӯмаки бародаронаш ва ё бо амри тасодуф ҷон ба
Зоҳиран онҳо сартарошидаҳо, миллатгароҳо ҳастанд. Парванда то ҳол наметавонад ба додгоҳ бирасад. Мо аз ҷониби “Мемориал” ба кумитаи тафтишот дархост фиристодем...

саломат бурд.

Бо гузашти тақрибан 8 моҳ аз ин ҳамла мо дубора ба суроғи Фирдавс рафтем ва аз ӯ дар бораи саломатиаш пурсидем. Вай аз дарди захмҳо ҳанӯз шикоят мекунад ва онро мушкили аслӣ намедонад. Аммо мегӯяд, муфаттишон бо онҳо тарзе рафтор мекунанд, ки гӯиё ӯву бародаронаш гунаҳгор бошанд.

"Ҳимоят кунед, ки мумкин аст моро ганаҳгор дониста ва он гунаҳгоронро озод кунанд. Ин ватани худашон, мо дар ин ҷо муҳоҷирем. Мо мӯҳтоҷи кӯмаки Шумо. Агар акаи Далер, акаи Қиём ва акаи Фаррух намебуданд, мумкин буд, ки ҳамаи моро бегуноҳ маҳкам мекарданд”,-афзуд ӯ дар як тамоси телефонӣ.

Фаррух Сатторов
Мо Фаррух Сатторов, раҳбари созмони ғайридавлатии ҷавонону донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербургро пайдо кардем ва аз вай пурсидем, ёрии онҳо ба ҷабрдидагон чӣ будааст. Ӯ гуфт: “Мо бо яке аз созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, бо “Мемориал” ҳамкорӣ дорем. Мо зуд ба “Мемориал” муроҷиат кардем ва онҳо чаҳор адвокат, яъне вакили мудофеъ аз ҳисоби худ ҷудо карданд ва ин адвокатҳо то ҳол кори ин бародаронро бурда истодаанд.”

Пас аз вуруди маркази ҳифзи ҳуқуқи “Мемориал” ба ин “саҳна” акнун чунин ба назар мерасад, ки муфаттишони парвандаи бародарон дар паси Юсуфовҳо ҳимояеро эҳсос кардаанд. Аз Анна Удярова, ҳуқуқшиноси ин марказ пурсидем, оё шахсияти ҳамлакунандагон маълум шудааст ва расидагӣ ба ин парванда ба куҷо расидааст?

“Зоҳиран онҳо сартарошидаҳо, миллатгароҳо ҳастанд. Парванда то ҳол наметавонад ба додгоҳ бирасад. Мо аз ҷониби “Мемориал” ба кумитаи тафтишот дархост фиристодем. Ин хатар низ вуҷуд дошт, ки ин бародаронро на ҷабрдида, балки гунаҳгор эълон кунанд. Хушбахтона, чунин нашуд. Бо вуҷуди ин расидагӣ, парванда тӯл кашида истодааст ва сабабаш ба мо маълум нест",-гуфт Анна Удярова.

Ҷабрдида Фирдавс низ сабаби ба дарозо кашидани расидагӣ ба парвандаро намедонад, вале мегӯяд, муфаттишон ҳар вақт иваз мешаванд ва парванда аз даст ба даст меравад, то бародарон “сари калоба”-ро гум кунанд: "Севвумин бор аст, ки муфаттиш иваз мешавад. Охирин боре, ки моро даъват карда буданд, муфаттиш дигар буд. Вай "дело"-ро ба дигараш ва ӯ боз ба як муфаттиши дигар додааст. Кор ҳал шуданаш маълум нест. Вакилони
Назари Мирзода
мудофеъ ҳам ҳайрон шудаанд ва худашон мегӯянд, ки намедонанд, онҳо чаро ин хел корро мушкил мекунанд. Ҳадафшон чист, номаълум."

Суол: Консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар Санкт Петербург фаъолият мекунад. Шумо барои кӯмак ба он ҷо муроҷиат накардед?

Фирдавс Юсуфов: “Бо консул сӯҳбат крадем. Ӯ баъд аз чанд вақт як бор ба хона омад, ҳамаи гапу хабарро навишта гирифт. Рӯзи даркорӣ наомаданд. Аз ҳамон рафтагиашон то ҳозир ягон хабар аз консул нест."

Дар посух ба ин гуфтаҳо Назари Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт Петербург чунин изҳори ақида кард: "Онҳо бо созмони ҷавонон якҷоя шуданду гуфтанд, ки як адвокат бигирем. Созмон барои онҳо пул ҷудо кард. Он созмон, ки ба онҳо пул ҷудо карду корро сар карданд, дигар ман тамос нагирифтам. Онҳо ба ман гуфтанд, ки ҳамаашро худашон ҳалу фасл мекунанд. Дар ҳоли ҳозир дар кадом марҳала аст, рости гап намедонам."

Стефания Кулаева
Стефания Кулаева, яке дигар аз кормандони маркази “Мемориал” аст, ки аз таъхир дар расидагӣ ба ин парванда изҳори тааҷҷуб мекунад. Вай мегӯяд, дар оғоз “Мемориал” интизор буд, ки гунаҳгоронро зуд эълон мекунанд, вале чунин нашуд. Пас онҳо маҷбур шуданд, ки ба кумитаи муфаттишон дар шаҳри Санкт -Петербург нома нависанд ва сабаби таъхирро бипурсанд: "Мо воқеан ҳам ба кумитаи тафтишот нома навиштем. Ҷавоби онро гирифтем. Онҳо навиштанд, ки кор мекунанд ва нуктаи муҳим ин аст, ки дар кумитаи тафтишот онҳо Фирдавс Юсуфовро ҷабрдида эътроф кардаанд. Мешавад гуфт, ки ин як навъ муваффақият аст. Расидагӣ ба ин парванда тӯл кашидааст ва мо изҳори нигаронӣ кардем. Мо интизор будем, ки гунаҳгоронро зуд эълон мекунанд ва онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашанд, чунки дар ин маврид Фирдавс ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Вазъи бародаронро дар ин ҳамла мешавад дарк кард, вале Фурқат дар ин парванда ҳамоно шахси гунаҳгор боқӣ мондааст."

Ҳоло муфаттишон аз ҳамаи ин бародарон забонхат гирифтанд ва ба онҳо гуфтаанд, ки ҳаққи ба ҷое рафтан надоранд. Чунин ба назар мерасад, ки ҷабрдидаҳоро мисли гунаҳгор гӯиё бе ресмон бастаанд. Фаридун -- бародари Фирдавс мегӯяд, чунин вазъият дар кору зиндагии онҳо мушкил пеш овардааст. Онҳо ҳатто наметавонанд ба Тоҷикистон ба дидору падару модари худ бираванд.

Фаридун бародари калонии Фирдавс ин гуна сӯҳбаташро оғоз кард: “Ман бародари Фирдавс. Аз "Озодӣ" хоҳиш дорем, ки ягон кӯмак кунанд, ки парванда як сол шуд пеш нарафта истодааст.
Бадани кордхӯрдаи Фирдавс Юсуфов
Бояд дар шаш моҳ тамом мешуд. Муфаттишонро иваз карданд ва ба якдигарашон месупоранд. Муфаттиши якум гуфта буд, ки ҳамаи далелҳо ҳаст. Парвандаро ба додгоҳ мефиристем. Намедонам, ҳоло барои чӣ ин хел шуд. Агар мумкин бошад, "Озодӣ" ягон кӯмак кунад, ки мо ба хона рафта тавонем. Мӯҳлати шиносномаҳои хориҷии Фирдавс ва Фирӯз тамом мешавад, бояд онҳо хона раванд. Панҷ сол шуд хона нарафтаанд. Аз он сӯ падару модар хавотиранд, ки чӣ гап шуда бошад. Онҳо бовар намекунанд, ки ҳоло Фирдавс сиҳат аст, роҳ мегардад. Фикр мекунанд, ки ӯ хоб аст. Онҳо фақат суратро дида буданд, ки докапеч буд, пури хун... Агар кор ҳал мешуд, бачаҳо аз паси кори худ мерафтанд. Ҳар рӯз даводав, ки кай даъват мекунанд. Дар ягон ҷои дақиқ ҳам кор карда наметавонем. Кор меравем, мегӯянд, ки фалон рӯз биё. Агар он рӯз ба кор нарафтӣ, аз кор пеш мекунанд. Чанд бор аз рӯи ҳамин кашокаш аз кор мондем. Даъват мекунанд, ду-се рӯз кашокаш мекунанд, кор намеравем. На кор карда мешавад, на хона рафта мешавад. Дасту поямонро бе ресмон бастаанд.”

Бо шунидани ин суханон суоле пеш меояд, ки шояд ба додгоҳ кашонидани миллатгароҳо ба завқи додгоҳу додситониҳои Русия хуш намеояд ва онҳо намехоҳанд барои чанд муҳоҷири тоҷик шаҳрванди худро паси панҷара баранд. Вале тассавури саҳнае, ки шахсеро ваҳшиёна ба хун мекашанд ё ҳатто сар мебуранд, магар рафтори одамист ва онҳоро бетараф мегузорад?

Ба касе маълум нест, ки садҳо нафар ҷавонони тоҷик дар чӣ вазъе ё ваҳшонияте кушта шудаанд, зеро аз он саҳнаҳои куштор навори
Фирдавс Юсуфов, тақрибан ҳашт моҳи пеш
видеоӣ вуҷуд надорад, то мақомоти интизомии Русия кушторҳоро эътироф кунанд. Вале ҷавоне, ки тавонист бародаронашро барои зинда мондан даъват кунад ва аз онҳо кӯмак бигирад, шоҳиди зиндаи талоши куштор аст. Фаррух Сатторов чунин ҳолатро ин гуна натиҷагирӣ мекунад: “Вақте шаҳрвандони мо худашонро муҳофизат мекунанд, бар зидди онҳо мумкин чавобгарӣ ё саволҳо пайдо шавад. Агар ин корро накунанд, дар бораи онҳо ягон кас на мепурсад ва на гап мезанад. Барои ҳамин намедонем чӣ кор кунем... Шаҳрвандони мо ё худашонро муҳофизат кунанд ё хомӯш шинанду аз тарафи ин миллатгароҳо лату кӯб шаванд. Вақтҳои охир мо дар интернет наворҳоеро мебинем, ки намунаи чунин вазъият аст. Агар худи мо напурсем, ҳатто агар шаҳрванди мо гунаҳгор ҳам набошад, вайро метавонанд гунаҳгор кунанд.”
XS
SM
MD
LG