Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон дар нишасти СПАД дар Остона ширкат мекунад


Имрӯз қарор аст, дар Остона нишасти сарони Паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор шавад. Интизор меравад, дар он масъалаҳои марбут ба Осиёи Марказӣ, авзоъ дар Афғонистон, ва нооромиҳо дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ баррасӣ шаванд. Дар ҳамоиши ғайрирасмӣ раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев ва ҳамтоёни ӯ аз Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард. Дабири кулли паймон Николай Бордюжа хабар додааст, ки раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, дар ин нишаст ширкат нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG