Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши такрори "корнома"-и Брейвик дар Эстония


Марди мусаллаҳе дар Вазорати дифои Эстония дар Таллин як бомбаи дудиро мунфаҷир кард ва ду нафарро гаравгон гирифт. Сухангӯи Вазорати умури дохилии Эстония гуфт, ин мард дар ҷараёни амалиёт ҳадафи тир қарори гирифт ва кушта шуд. Ба гуфтаи сарвазири Эстония, ин шахси 57-сола зодаи Арманистон Карен Драмбян буда, соли 1993 шаҳрванди Эстония шудааст. Ангезаҳои ҳамла маълум нестанд, вале, афзуд сарвазир, зоҳиран ин ҳамлавар аз Брейвики Норвегия илҳом гирифтааст.
XS
SM
MD
LG