Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳимҳои нави Иёлоти Муттаҳида зидди Беларус


Иёлоти Муттаҳида таҳримҳои наверо зидди Беларус эълон кард, ки гуфта мешавад, аз бархӯрди ҳукумати Беларус ба фаъолони сиёсӣ, журналистон ва дигарон маншаъ гирифтаанд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, Виктория Нуленд гуфт, ин таҳримҳо дар робита ба саркӯби мухолифон дар Беларус баъд аз тазоҳуроти пасоинтихоботии 19-уми декабр ҷорӣ шудаанд.

“Имрӯз Иёлоти Муттаҳида таҳримҳои иловагии иқтисодии зидди чаҳор ширкати давлатии Беларусро эълон кард. Таҳримҳо посух ба азияти давомдори маҳбусони сиёсӣ ва саркӯби фаъолони сиёсӣ, журналистон ва намояндагони ҷомеаи маданист.”

Эълони таҳримҳои нав дар ҳоле садо медиҳад, ки раисиҷумҳури Беларус, Аляксандр Лукашенко нӯҳ нафар аз 41 ширкаткунандаи маҳкумшудаи тазоҳуроти 19-уми декабрро афв кард. Номи озодшудагон хабар дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG