Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси кумитаи тафтиши зиндонҳо дар Қирғизистон


Як кумитаи таъсисдодаи ҳукумати Қирғизистон ба дунболи гузоришҳо дар бораи нақзи ҳуқуқи маҳбусон қарор аст, тамоми боздоштгоҳҳои ин кишварро бозрасӣ кунад. Он ҳамчунин шикоятҳои расидаро баррасӣ хоҳад кард. Кумита баъд аз он таъсис дода шуд, ки матбуоти Қирғизистон аз дастизӯрӣ шудани як зан дар боздоштгоҳи шаҳри Ҷалолобод иттилоъ дод. Дар 10 маҳбас ва 6 урдугоҳи Қирғизистон ба сурати умум 15 ҳазор маҳбус нигаҳдорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG