Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтор бо Барак Обама дар Кохи Сафед


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, дар Кохи Сафед ба муносибати моҳи Рамазон зиёфати ифтор дод ва меҳмонон, аз ҷумла дипломатҳо, кормандони раёсатҷумҳурӣ, қонунгузорони амрикоӣ пазироӣ намуд. Обама бо даъват аз бозмондагони мусулмони ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 ин фурсатро барои гиромидошти хотираи қурбониён истифода кард. Дар ин ҳамлаҳо, афроди Ал-Қоида ҳавопаймоҳои рабудашуда ба биноҳо зарба заданд ва танҳо дар Ню Йорк 3000 нафар кушта шуд. Обама гуфт, ҳоло пайти хубест, ёдоварӣ шавад, ки қурбониён намояндагони адёни мухталиф, аз ҷумла мусулмонҳои Амрико буданд. Обама аз оғози кораш ба ҳаси раисиҷумҳур ҳар сол дар моҳи Рамазон шоми ифтор баргузор мекунад. Президенти пешин Ҷорҷ Буш низ ин анъанаро дошт.
XS
SM
MD
LG