Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай мегӯяд, ба аҳдаш содиқ аст ва ...


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, имрӯз гуфтааст, хаёли бори саввум раиси ҷумҳур шуданро дар сар намепарварад. Баъзе аз мухолифони давлати Афғонистон бим доштанд, Ҳомиди Карзай, ки аз соли 2001 то кунун раҳбари Афғонистон аст, бо тағйири Қонуни Асосӣ, дар интихоботи соли 2014 низ номзадиашро хоҳад гузошт. Аммо Ҳомиди Карзай имрӯз дар ҳузури гурӯҳе аз вакилони порлумони Афғонистон гуфтааст, Қонуни асосӣ ба ӯ ин ҳақро ҳам надодааст. Ҳомиди Карзай баъди суқути Толибон дар соли 2001 раҳбари муваққати Афғонистон интихоб шуд ва сипас дар интихоботи соли 2004 ба курсии раиси ҷумҳур расид. Аммо интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2009 дар Афғонистонро олуда ба тақаллуб хондаанд.
XS
SM
MD
LG