Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири шеваи ҳузури марзбонони рус дар Тоҷикистон


Раисиҷумҳури Русия ҷиҳати имзои созишномаи ҳамкориҳои марзӣ миёни Русияву Тоҷикистон амр додааст.

Дар ҳоле ки Дмитрий Медведев созишномаи ҷадиди Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкориҳо дар бахши марзбонии ду кишварро санади ҳадафмандона унвон кардааст, мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора лаб накушодаанд.
Бар асоси тарҳи нави созишномаи ҳамкорӣ чун марҳилаҳои пешин марзбонони Русия дар омода намудан ва омӯзиш додани мутахассисон ширкат хоҳанд кард...


Интизор меравад, ин санад дар сатҳи олии ду кишвар, аз ҷониби Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи сентябр, ҳангоми сафари расмии раисиҷумҳури Русия аз Тоҷикистон ба имзо бирасад.

Ҳикматулло Пираков, сардори Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ки тарҳи ҷадид ба манфиатҳои ҳар ду кишвар ҳам ҷавобгӯст.

РУСҲО ДАР ХАТТИ АВВАЛИ ҲИФЗИ ВАТАН ХОҲАНД БУД?

Ба қавли полковник Пираков, бар асоси шеваи ҷадиди ҳамкорӣ тибқи ин созишномаи нав, марзбонони Русия дар Тоҷикистон аз шакли "Гурӯҳи зудамали марзбонӣ" ба "Гурӯҳи ҳамкории марзбонӣ" табдил дода шуда ва дар ҳамин доира дар Тоҷикистон фаъолият хоҳанд кард.

Дар робита ба ин суол, ки оё мувофиқ ба ин тағйирот марзбонони Русия дар хатти аввали ҳифозати марз қарор хоҳанд гирифт, як манбаъи наздик ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, ки на. Вай афзуд, теъдоде аз марзбонони Русия дар сатҳи мушовирон ҳузур пайдо мекунанд ва ба марзбонони тоҷик машваратҳои тахассусӣ хоҳанд дод.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:18 0:00
Линки мустақим



Бар асоси тарҳи нави созишномаи ҳамкорӣ чун марҳилаҳои пешин марзбонони Русия дар омода намудан ва омӯзиш додани мутахассисон ва дар ҳамлу нақли ҳавоии таҷҳизоти сарҳадӣ, дар таъмиру тармими дидбонгоҳҳо ширкат хоҳанд кард, ки ба қавли полковник Ҳикматулло Пираков ин ҳамкориҳо ройгон сурат хоҳанд гирифт.

СУДУ ЗИЁНИ ҲУЗУРИ МАРЗБОНОНИ РУС ДАР ТОҶИКИСТОН

Ҳамин тавр ҳамкории Тоҷикистону Русия дар бахши сарҳад дар чаҳорчӯби созишномаи нав бо ҳамин шева идома пайдо хоҳад кард ва ҳанӯз рӯшан нест, ки дар ин додуситадҳо Тоҷикистон чӣ бурдаасту чӣ бохтааст.

Комёб Ҷалилов, коршиноси умури амниятӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон
Вале таҳлилгари масоили амниятии Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, Комёб Ҷалилов, мегӯяд, шояд дар давраҳои аввали музокироти ҳайатҳои ду кишвар дар бораи тарҳи Созишномаи ҳамкорӣ мавзӯи бозгардондани сарҳадбонони Русия вуҷуд доштааст, вале дар баррасиҳои баъдӣ ҳарду ҷониб ба ин натиҷа расидаанд, ки ин бозгашт ба нафъи ҳеҷ кадоме нахоҳад буд: "Агар марзбонони Русия ба Тоҷикистон баргарданд, ҳам ба суди Русия нест ва ҳам ба суди Тоҷикистон. Зеро агар марзбонони рус дар ин ҷо бошанд имкон дорад, ки ташаннуҷ дар минтақа афзуда, гурӯҳҳои террористию харобкор низ бештар шавад. Барои он ба нафъи Тоҷикистон нест, ки ҳамчун кишвари соҳибистиқлол афрошта шудани парчами Русия дар хатти марзи кишвар, ин обрӯро ночиз мегардонад."

Созишномаи пешини миёни ҳар ду кишвар дар моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва муддати иҷрои он 5 сол таъйин шуда буд. Бар асоси ин санад, хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз шуда ва дар соли 2005 ин раванд поён ёфт. Марҳилаи ибтидоии хуруҷи марзбонони Русия, дар хатти марзи муштараки Тоҷикистон бо Чин сурат гирифта буд.

Ба ин тартиб, дар тобистони соли 2005 марзбонони Русия аз марз комилан хориҷ шуда ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии Русия барои ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик дар манотиқи марзӣ боқӣ монданд.
XS
SM
MD
LG