Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистону Узбакистон тақсими об миёни ин кишварҳоро баҳс карданд.

Дар ин мулоқот, ки рӯзи ҳаштуми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ҷонибҳо масоили муҳими ҳамкориҳо дар бахши истифода аз захоири оби минтақаро баррасӣ намудаанд.

Чингиз Узоқбоев, муовини Кумитаи давлатии обу обёрии
Обе, ки мо сар медиҳем, аввал ба қаламрави Узбакистон медарояд, баъд ба Тоҷикистон, сипас, боз ба Узбакистон ва баъд аз он ба биёбонҳои Қазоқистон мерасад...

Қирғизистон, ки дар ин мулоқот иштирок дошт, пас аз анҷоми мулоқот дар сӯҳбат ба ба "Озодӣ" гуфт: "Музокирот ба масъалаи душвори истифодаи муштарак аз захоири оби минтақа ихтисос дошт. Хатари хушксолӣ ва камбуди об ба вилоятҳои Қазоқистони Ҷанубӣ ва Қизил Урдаи Қазоқистон ва ҳамчунин ба минтақаҳои ҷанубии Узбакистон таҳдид мекунад. Ин минтақаҳо дар ҳавзаи Сирдарё ҷой гирифтаанд. Дар поёни ин музокироти мушкил мо ба чунин натиҷа расидем, мо бо дархости ҷониби Қазоқистон ҳоло аз обанбори Токтагул дар як сония 500 метри муккааб об сар медиҳем ва он аз нерӯгоҳи барқи обии Учқурғон мегузарад. Вале бо назардошти ҳавои хеле гарм қазоқҳо дархост карданд, ки 50 метри муккааби дигар об сар диҳем. Ҷониби Қазоқистон ҳамчунин розӣ шуд, ки нерӯи барқи иловагие, ки аз ин миқдор об тавлид мешавад, онро харидорӣ мекунад. Ҳоло ин масъаларо ҳукумат баррасӣ дорад. Дуввум, мо барои сар додани об се рӯз танаффус хостем ва ба ин сабаб ҷониби Тоҷикистон дар ҳамин муддат аз 9-уми август аз обанбори худ дар Қайроққум дар як сония 600 метри муккааб об сар медиҳад."

Озодӣ:
Ба Қазоқистон ё ба Узбакистон?

Чингиз Узоқбоев: "Ин об ба Қазоқистон тааллуқ дорад ва он аз қаламрави Узбакистон то канали “Достук” дар ноҳияи Мақтаарали Қазоқистон ҷорӣ мешавад. То ба он ҷо ба миқдори 100-110 метри муккааб мерасад. Узбакистон ин обро намегирад, барои он ки ба Қазоқистон дар ин бора ваъда дод ва ӯҳдадорӣ гирифт, ки ин обро ба қаламрави Қазоқистон мерасонад."

Озодӣ: Ҳафтаи гузашта баъзе баъзе сарусадоҳо буданд, ки гӯиё Узбакистон ин обро истифода мекунад. Оберо, ки ба Қазоқистон тааллуқ дорад. То чӣ андоза ин сарусадоҳо ба воқеият наздиканд?

Чингиз Узоқбоев: "Танҳо барои ҳамин гуна ақидаҳо мо маҷбур шудем, ки дар шаҳри Хуҷанд бо ҳам мулоқот кунем."

Озодӣ: Оё дар ин мулоқот дар бораи номаи Карим Масимов, нахуствазири Қазоқистон ба номи Алмазбек Атамбоев, нахуствазири Қирғизистон низ сӯҳбат шуд?

Чингиз Узоқбоев: "Фақат дирӯз номаи наве аз номи Жукеев -- муовини аввали нахуствазири Қазоқистон расид. Дар он гуфта мешавад, ки дар деҳоти Қазоқистон аз камбуди об вазъи фоҷиабор пеш омадааст. Коршиносони мо ҳам ба он бовар доранд, чунки барои омӯзиши вазъ ба ин минтақаҳо сафар карданд. Дар оғози сол дар ин бора қарордоди миёни Қирғизистону Қазоқистон имзо ҳам шуда буд. Тибқи ин қарордод мо розӣ шуда будем, ки барои канали “Дустук”-и Қазоқистон 110 метри муккааб об медиҳем. Ба сабаби хушксолӣ ин миқдор об ҳоло кифоят намекунад. Барои ҳамин ҳоло онҳо 550 метри муккааб оби изофӣ хостаанд. Ин ҷо бояд ёдовар шуд, обе, ки мо сар медиҳем, аввал ба қаламрави Узбакистон медарояд, баъд ба Тоҷикистон, сипас, боз ба Узбакистон ва баъд аз он ба биёбонҳои Қазоқистон мерасад. Барои ҳамин ин мушкилиҳо моро дар Хуҷанд гирдиҳам овард. Мо ҳоло барои қонеъ кардани ниёзҳои дохилии худ ба барқ метавонем танҳо 220-230 метри муккааб об дар як сония сар диҳем."

Озодӣ: Чунин ба бармеояд, ки аз сар додани оби изофӣ аз обанбори нерӯгоҳи Токтагул ба касе ё ҷое зараре намерасад?

Чингиз Узоқбоев: "Ҳеҷ таъсири манфӣ ба ягон ҷониб намерасонад. Худоро шукр, имсол дар обанборҳоямон об ба андозаи кофӣ ҷамъ шудааст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG