Пайвандҳои дастрасӣ

Вуруди нерӯҳои Сурия ба ду вилояти кишвар


Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар Сурия мегӯянд, тонку нерӯҳои артиш барои идомаи саркӯби тазоҳуроти зиддидавлатӣ ба ду вилояти ин кишвар Ҳумс ва Идлиб ворид шудаанд. Бино ба гузоришҳо, бо вуруди тонкҳо ба шаҳри Қусайри Ҳумс 11 нафар кушта ва 16 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Сарбозони Сурия субҳи имрӯз бо юриш ба шаҳри Сароқиби Идлиб даҳҳо нафарро боздошт карданд. Баъди вуруди нерӯҳо аз шаҳр садои тирандозиву таркиш баланд шудааст. Вилояти Идлиб шоҳиди тазоҳуроти густурдаи зиддидавлатӣ алайҳи режими Башшор Асад шудааст. Бино ба гузоришҳо, аз замони шурӯъи тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия дар моҳи март то кунун 2000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG