Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқод аз ҳукми зиндони шаҳрванди Тоҷикистон


Ширкати “Оксус Голд”-и Бритониё аз амалкарди давлати Ӯзбакистон башиддат интиқод кард, ки рӯзе пеш Саидқул Ашӯров шаҳрванди Тоҷикистон ва муҳандиси ширкатро дар он кишвар бо гуноҳи ҷосусӣ ба 12 соли зиндон маҳкум намуданд. Роберт Амстердам, вакили дифоъи “Оксус Голд” дар баёнияи расмӣ гуфтааст, “возеҳ аст, ки парвандаву муҳокимаи Саидқул Ашӯров комилан бофтаву сохта ва ба хотири тарсонидани сармоягузорони хориҷӣ аст. Рӯзи чаҳоршанбе Додгоҳи низомии Ӯзбакистон Саидқул Ашӯров, сокини шаҳри Панҷакентро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ӯро рӯзи 7 март дар марз боздошт карда ва гуфтаанд, ки ӯ бо худ дар флешдиске иттилоъоти махфӣ доштааст. Саидқул Ашӯров мегӯяд ҳеҷ гуноҳе надорад ва боздошти ӯ бар хилофи тамоми меъёрҳои байналмилалӣ ва худи қонунҳои Ӯзбакистон будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG