Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ба бунёди шаҳракҳои яҳудинишин иҷоза дод


Давлати Исроил санади бунёди 1 ҳазор шашсад манзили нав дар Байтулмуқаддаси Шарқиро ниҳоӣ кардааст. Иҷозаи муқаддамотӣ барои бунёди ин хонаҳо, ки соли гузашта ҳангоми сафари Ҷо Байден, муовини аввали раиси ҷумҳури Амрико ба Исроил эълом шуд, рахнае дар муносиботи дипломати байни ду кишвар ба вуҷуд овард. Исроил Байтулмуқаддаси Шарқиро, ки дар ҷанги соли 1967 ишғол кард, бахше аз “пойтахти ҷудоинопазири” худ медонад. Вале фаластиниён мегӯянд, Байтулмуққадаси Шарқӣ, пойтахти кишвари ояндаи мустақили онҳост ва то замоне, ки Исроил ба бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар онҷо ва Канораи Ғарб идома медиҳад, музокироти сулҳро аз сар нахоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG