Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии мунтахаби ҷавонон ҳам ба истеъфо рафт


Маҳмадҷон Ҳабибуллоев
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон истеъфо дод.

Ӯ, ки авохири соли гузашта бо пешниҳоди роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ин вазифа таъйин шуда буд, дар бораи истеъфои худ ба “Озодӣ” гуфт: "Вақте раҳбарии дастаи мунтахаби ҷавононро ба дӯш гирифтам, талаб карда будам, ки барои омодагии мо ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё, ки авохири моҳи октябр дар Қатар баргузор мешавад, оддитарин шароитҳоро муҳайё созанд. Ба гурӯҳи мо дастаҳои пурқувват, ба мисли Баҳрайн, Урдун, Қатар ва Кувайт шомиланд. Аз рӯи иттилооте, ки дорам, ин дастаҳо ба мусобиқа омодагии хуб мебинанд. Барои онҳо созмонҳои миллӣ ҳамаи шароити заруриро муҳайё сохтаанд. Дар назди мо вазифа гузоштаанд, ки ба давраи ниҳоӣ роҳхат бигирем. Вале ҳеҷ гуна шароит муҳайё накардаанд. Дар тӯли ҳафт моҳ мо танҳо дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон ширкат кардем. Ин, албатта, омодагӣ нест. Якчанд таклифу дархости ман дар бастагӣ ба омодагии дастаи мунтахаби ҷавонон аз ҷониби ФФТ дастгирӣ наёфт. Бинобар ин бо дастаи мунтахаби ҷавонон минбаъд кор кардан маънӣ надорад."

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсиюни футболи Тоҷикистон мегӯяд, аризаи истеъфои Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро дарёфт кардаанд ва он дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ баррасӣ хоҳад шуд.

Чанде пеш аз ин, Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон аз мақоми худ истеъфо дода буд.

Иллати истеъфои сармураббӣ, натоиҷи ғайриқаноатбахши дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 бо тими миллии Сурия арзёбӣ шуд. Яъне, мунтахаби Тоҷикистон аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи худ- ба даври севуми сабқати интихобӣ роҳ ёфтан набаромад.

Ба иттилои мақомоти Федератсиюни футболи Тоҷикистон, сармураббии ҷадиди тими миллии футболи кишвар дар ҷаласаи наздиктарини кумитаи иҷроияи ФФТ таъйин хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG