Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду варзишгари тоҷик - дар Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Чин


Дар Универсиадаи XXVI ҷаҳонии тобистона, ки аз 12-ум то 23-юми август дар шаҳри Шенжени Чин баргузор мешавад, Тоҷикистонро ду варзишгар – Фарҳод Қуралов ва Надима Мирзоева намояндагӣ мекунанд.

Ҳарду варзишгари тоҷик дар навъҳои варзиши сабук қувваозмоӣ хоҳанд кард. Фарҳод дар давидан ба масофаи 800 метр ва Надима дар ниммарафон ширкат меварзанд.

Ба барномаи Универсиада 26 навъи варзиш шомил аст. Дар назар аст, ки дар мусобиқот беш аз 12 ҳазор варзишгар аз 150 кишвари ҷаҳон ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG