Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳо аз бадтар шудани авзоъ дар Сурия


Дайр ал-Зуур яке аз шаҳрҳои дигари Сурия, ки шоҳиди хушунат шуд.

Дайр ал-Зуур яке аз шаҳрҳои дигари Сурия, ки шоҳиди хушунат шуд.

Дипломатҳо аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал мегӯянд, доир ба идомаи хушунатҳо дар Сурия иттилоъоти нороҳаткунанда мегиранд. Оскар Фернандез Таранко, мушовири дабири кулли Созмони Милал дирӯз роҷеъ ба вазъи Сурия ба Шӯрои Амният гузориш додааст. Филип Парҳам, сафири Бритониё мегӯяд, бино ба гузоришҳо то кунун ду ҳазор нафарро дар Сурия куштаанд, ҳудуди 13 ҳазор нафарро боздошт кардаанд ва даҳҳо ҳазор тан аз хонаҳояшон гурехтаанд ва чанд ҳазор паноҳандаи дигар дар қаламрави Туркия мондаанд. Дипломати бритониёӣ гуфтааст, агар давлати Сурия ба нақзи ҳуқуқ ва саркӯбиҳо хотима надиҳад, “иқдомоти баъдӣ” алайҳи он андешида хоҳад шуд. Сюзан Райс, сафири Амрико дар Созмони Милал гуфтааст, ба эътиқоди кишвараш “Сурия бидуни раиси ҷумҳур Башшор Асад, ҷойи беҳтаре хоҳад буд” ва афзуд, ки Башшор Ассад дигар машрӯъият надорад. Сафири Сурия дар Созмони Милал иттилоъот дар бораи кишварашро нодуруст хонд ва ошӯбҳои Сурияро ба беназмиҳо дар Бритониё баробар кард.
XS
SM
MD
LG