Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷ сарбози ISAF-ро дар Афғонистон куштанд


Бар асари як бомбгузорӣ дар ҷануби Афғонистон, 5 сарбози Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба раҳбарии НАТО (ISAF) кушта шудаанд. Ин сарбозон бар бомби канори роҳ бархӯрдаанд. Айни замон Толибон гуфтанд, он ҷангҷӯёне, ки як чархболи Амрикоро суқут доданд, ҳанӯз зиндаанд. Артиши Иёлоти Муттаҳида гуфта буд, омилони суқути чархболро, ки 30 сарбози амрикоӣ бо ҳафт афғон ва як тарҷумонро кушта бар ҷой гузошт, маҳв кардааст. Аммо Забеуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон имрӯз гуфт, нерӯҳои Амрико рӯзи душанбе чаҳор ҷангҷӯи онҳоро куштанд, аммо на омилони суқути чархболро.
XS
SM
MD
LG