Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ


Дар Тоҷикистон қонуни наве ҳукми иҷро гирифт, ки дар амал бояд шароитро барои рушди соҳибкорӣ мусоид кунад. Дар Тоҷикистон то кунун 607 навъи муҷаввиз барои соҳибкорӣ вуҷуд дошт, ки шурӯъи соҳибкориро бисёру мушкилу пурхарҷ ва мардумро аз ин пеша дилсард мекард. Баъд аз имзои Қонун “Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ”, ки ҳафтаи гузашта аз тарафи раиси ҷумҳур имзо шудааст, дар Тоҷикистон барои соҳибкорӣ танҳо 85 навъи муҷаввиз муқаррар шудааст. Корпоратсияи байналмилалии молӣ, ки дар таҳияи қонун мусоидат кардааст, мегӯяд, санади мазкур ҷараёни иҷозатномадиҳӣ дар Тоҷикистонро ба таври назаррас беҳтар карда ва монеаҳои маъмурии пеши роҳи рушди соҳибкориро бисёр кам мекунад.
XS
SM
MD
LG