Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот дар баробари сафорати Белорус дар Бишкек


Гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқ дар Қирғизистон бо таҷаммӯъ дар баробари сафоратхонаи Ҷумҳурии Белорус дар шаҳри Бишкек, хостори истирдоди Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури собиқ ба Қирғизистон шудаанд. Фаъолони гурӯҳи ҳомии ҳуқуқ мавсум ба “Ҳафтуми апрел” ду соат дар назди сафорат эътироз кардаанд. Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Белорус, баъди ошӯбҳои мардумии Қирғизистон ва фирори Қурмонбек Боқиев аз он кишвар, ба ӯ дар шаҳри Минск паноҳгоҳ дод. Боқиев ва 27 тан аз атрофиёни наздики ӯро дар ғайбашон ба даст доштан дар марги 100 тазоҳургари зиддидавлатӣ муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG