Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон: Дастрасӣ ба хабаргузориҳои тоҷикӣ масдуд шуд


Хабаргузории “Азия-Плюс” мегӯяд, мақомоти Узбакистон дастрасӣ ба торнамои хабаргузориҳои тоҷикиро масдуд кардаанд. Бино ба навиштаи ин хабаргузорӣ, ҳоло сокинони Узбакистон ба сойти “Азия-Плюс”, “Авеста” ва “Варорӯд” дастрасӣ надоранд. Аммо гуфта мешавад, сойти хабаргузории давлатии “Ховар” ҳамоно дастрас будааст. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории мустақили Узбакистон – Узнюс ҳам мегӯяд, сар аз нӯҳуми августи соли ҷорӣ даҳҳо сойти хабарии русӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин кишвар баста шудаанд. Бино ба навиштаи ин хабаргузорӣ, ҳамакнун дастрасӣ ба сойтҳои «Маяк», «Радио России», «Эхо Москвы», «Gazeta.ru», «Newsru.com» ва «Интерфакс» низ дар қаламрави Узбакистон масдуд шудааст. Ин дар ҳолест, ки созмони Хабарнигорони бидуни марз аз раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, ҳамчун "душмани интернет" ном бурдааст.
XS
SM
MD
LG