Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир: "Тоҷикон дар ҳаводиси Лондон осеб надидаанд"


Сафири Тоҷикистон дар Бритониё гуфт, дар ошӯбҳои ахир дар ин кишвар касе аз атбоъи тоҷик осеб надидааст.

Эркин Қосимов, сафири Тоҷикистон дар Бритониё дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шумори шаҳрвандони тоҷики муқими Бритониё, ки худро дар сафорат сабти ном кардаанд, тақрибан 67 нафар буда, касе аз онҳо осеб надидааст ва барои кӯмак ба сафорат низ то ҳол ҳеҷ кадоме муроҷиат накардааст.

Беназмиҳову сӯхтанҳо ва ғоратгариеро, ки рӯзи шанбе, 6-уми августи соли ҷорӣ, дар пайи ҳалокати як ҷавон аз тири пулис дар Тоттенҳем оғоз ёфт, бадтарин ошӯбҳо дар Бритониё аз солҳои 80-ум ба ин сӯ меноманд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:11 0:00
Линки мустақим


Порлумони Бритониё имрӯз, 11-уми август, дар ҷаласаи махсусаш ошӯбу ғоратгариҳои рӯзҳои охир дар ин кишварро баррасӣ хоҳад кард.

Сарвазири Бритониё, Девид Камерон, ки вакилони маҷлисро ба қатъи давраи истроҳат даъват кард, мегӯяд, "зарбаи ҷавобӣ" алайҳи ошӯб, сӯзандагӣ ва ғорат дар Лондон ва чанд шаҳри дигар дар ҷараён аст.

Хушунат ва тороҷ дар Бритониё
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00
Линки мустақим


Камерон, ки барои расидагӣ ба беназмиҳо истироҳати тобистонаи худро қатъ кард, гуфт, ҳукумат ба бадтарин хушунатҳои сӣ соли охири Бритониё хотима хоҳад гузошт. Барои ин пулис аз василаҳое истифода хоҳад кард, ки ба гуфтаи Камерон, ҳаргиз дар Бритониё корбаст нашудаанд. Ба монанди мошинҳои обпошӣ ва тирҳои пластикӣ.

Авзоъ дар Лондон акнун ором аст, аммо дар чанд шаҳр ҳамонон даргириҳои пароканда рӯй медиҳад. Мақомот олами ҷиноиро масъули ин ошӯбҳо мешуморад. Пулис мегӯяд, 1100 нафарро дар маҳалҳои ошӯб боздошт кардааст.

XS
SM
MD
LG