Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба доди мо кӣ мерасад?


Салом мухтарам радиои Озоди. Дар огоз ба шумо миннатдории худро баён
мекунам, ки хастед ва кас метавонад адолатчуи кунад. Ман
истикоматкунандаи нохияи Мастчох, хочагии ба номи Юсуф Вафо, Маликов
Мирзошариф Чалилович мехохам аз минбари шумо истифода бурда, арзу
шикояти худро ба раиси нохияи Мастчох, ва макомотхои дахлдор расонам.
Тули 7 сол мешавад, ки наметавонем аккалан як порча замини наздихавлиги
гирем. Мо се бародарони оиладор бо модарам дар як хона истикомат карда
чандин бор барои гирифтани замин ариза супоридем. Чанде пеш таксимоти
замин шуда гузашт, аммо ин бор хам номи мо дар руйхат набуд ва ба мо
замин надоданд. Хаминтавр факат ваъда медиханд. То хол ягон маротиба
замини наздихавлиги нагирифтаем. Ба хамаи шахсони масъул ва идорахои
дахлдори нохияи Мастчох сар халондем, аммо ба додамон намерасанд ва
хунукназарона рафтор мекунанд. Шояд сабабаш дар он бошад, ки ришва
надодем ва намедихем. Илтимос, ба додамон расед ва ба ин масъала
расидаги намуда ба ниёзмандон замини наздихавлиги дихед.

Бо эхтироми
Маликов
Мирзошариф.
XS
SM
MD
LG