Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии ошӯбҳо дар ҷаласаи порлумони Британия


Порлумони Британия имрӯз дар ҷаласаи махсусаш ошӯбу ғоратгариҳои рӯзҳои охир дар ин кишварро баррасӣ хоҳад кард. Сарвазири Дейвид Камерон, ки вакилони маҷлисро ба қатъи давраи истроҳат даъват кард мегӯяд, «зарбаи ҷавобӣ» алайҳи ошӯб, сӯзандагӣ ва ғорат дар Лондон ва чанд шаҳри дигар дар ҷараён аст. Камерон, ки барои расидагӣ ба беназмиҳо истироҳати тобистонаи худро қатъ кард, гуфт, ҳукумат ба бадтарин хушунатҳои сӣ соли охири Британия хотима хоҳад гузошт. Барои ин полис аз василаҳое истифода хоҳад кард, ки ба гуфтаи Камерон, ҳаргиз дар Британия корбаст нашудаанд. Ба монанди мошинҳои обпошӣ ва тирҳои пластикӣ. Авзоъ дар Лондон акнун ором аст, аммо дар чанд шаҳр ҳамонон даргириҳои пароканда рӯй медиҳад. Мақомот олами ҷиноиро масъули ин ошӯбҳо мешуморад. Полис мегӯяд, 1100 нафарро дар маҳалҳои ошӯб боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG