Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қурғонтеппа осорхонаи таъриху фарҳанги вилояти Хатлон, китобхонаву кӯдакистон ва як меҳмонхонани навро ифтитоҳ намуд. Вай ҳамчунин хишти аввали чанд иншооти оянда, аз ҷумла як мактаби хусусиро гузошт. Дар ҷараёни сафарҳояш ба манотиқи кишвар Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияҳои Бохтар, Ховалинг, Мӯъминобод, Балҷувон, Ҷаббор Расулов ва шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Истаравшан ва Исфара дидан кард.
XS
SM
MD
LG