Пайвандҳои дастрасӣ

Ислом Каримов ба нишасти сарони СПАД намеояд


Раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, дар нишасти сарони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки қарор аст, 12-уми август дар Қазоқистон баргузор шавад, ширкат нахоҳад кард. Дар ин бора Дабири кулли паймон Николай Бордюжа хабар додааст. Вай афзуд, дар нишасти сарон мушкилоти умдаи кишварҳои узв баррасӣ хоҳад шуд. Мулоқот ғайрирасмӣ буда, дар он ҳеҷ санаде ба имзо нахоҳад расид. Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аъзои созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG