Пайвандҳои дастрасӣ

Камерон аз "зарбаи ҷавобӣ" ба ошӯбгарон қонеъ аст


Сарвазири Британия, Дейвид Камерон мегӯяд, «зарбаи ҷавобӣ» алайҳи ошӯб, сӯзандагӣ ва ғорат дар Лондон ва чанд шаҳри дигар дар ҷараён аст. Камерон, ки барои расидагӣ ба беназмиҳо истироҳати тобистонаи худро қатъ кард, гуфт, ҳукумат ба бадтарин хушунатҳои сӣ соли охири Британия хотима хоҳад гузошт. Барои ин полис аз василаҳое истифода хоҳад кард, ки ба гуфтаи Камерон, ҳаргиз дар Британия корбаст нашудаанд. Ба монанди мошинҳои обпошӣ ва тирҳои пластикӣ. Авзоъ дар Лондон акнун ором аст, аммо дар чанд шаҳр ҳамонон даргириҳои пароканда рӯй медиҳад. Мақомот олами ҷиноиро масъули ин ошӯбҳо мешуморад.
XS
SM
MD
LG