Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳиши рекордии нархи тило дар бозори ҷаҳонӣ


Нархи тило дар бозори ҷаҳонӣ ба сатҳи диданашуда расид. Як унсияи тило акнун 1800 доллар қимат дорад ва нишон медиҳад, ки сармоягузорон онро ба паноҳгоҳи маблағҳои хеш табдил додаанд. Бино бар созишномаҳои фючерсӣ ё дарозмуддат дар бозори Ню Йорк нархи як унсияи тило ба 1801 доллар расида, дар фарҷоми тиҷорат ба 1784 доллар поин омад. Дар чаҳор рӯзи гузашта нархи тило зиёда аз ҳашт дарсад афзоиш ёфт. Коршиносон ҷаҳиши нархро ба коҳиши сатҳи эътимод ба иқтисоди Амрико ва идома бӯҳрони қарз дар Аврупо бастагӣ медиҳанд.
XS
SM
MD
LG