Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ин видеои кӯтоҳро, ки эҳтимолан бо телефони ҳамроҳ гирифта шудааст, як хонанда ба мо фиристодааст.

Мутаассифона, ӯ номи худро нанавиштааст ё номаш дар поёни матни тӯлонӣ буда, ки ба дасти мо нарасид. Агар муаллиф ба мо номи худ ва маълумоти дигарро хабар диҳад, ҳатман дар идомаи ин матн нашр хоҳем кард. Ҳамзамон ба ӯ самимона ташаккур мегӯем.

Ин рӯйдодҳо барои яке тайёрӣ ба ҷашни 20-солагии Истиқлолият бошад, барои дигаре омодагӣ ба зимистони сарду бебарқи кишвар шумурда мешавад.

Дар шаҳри Ваҳдат аз аввали моҳи август инҷониб таъмири саросемавори роҳҳои марказии шаҳр огоз шуд ва дар робита ба ин таъмирҳо тамоми дарахтони бисёрсоларо бурида, решакан карданд.

Дар вақти ин решаканиҳо кӯдакон аз фурсати муносиб истифода бурда, решаи чинорҳоро ба ҳайси ҳезуми зимистони сард ҷамъоварӣ мекунанд ва ба хона мебаранд. Касе суол ҳам мекунад, ки чаро табарча наовардаанд. Вале касе ҳайрон намешавад, ки чаро дарахтони солору зебои куҳансол бояд решакан шаванд. Бубинед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG