Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳои гулӯлаборон дар марзи ду Корея


Хабаргузории «Ёнҳап»-и Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, нерӯҳои Кореяи Шимолӣ имрӯз се дафъа минтақаи баҳсталаб дар Баҳри Зардро ҳадафи зарбаи тӯпхона қарор доданд. Пас аз зарбаи аввал нерӯҳои дарёии Кореяи Ҷанубӣ бо мақсади ҳушдор тирандозӣ карданд. Мақомоти Шимол иттиҳоми гулӯлаборонро рад карданд ва мегӯянд, дар марз сохтмони иншооти бузурге идома дорад, ки қарор аст, ба зиндагии мардуми ин минтақа беҳбуд бахшад. Марзи баҳсбарангез дар моҳи ноябри соли гузашта саҳнаи даргирии байни ду Корея шуда буд.
XS
SM
MD
LG