Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушназарии аксарияти тоҷикон ба сиёсатҳои Русия


Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев (чап) ва сарвазири Русия, Владимир Путин.
Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев (чап) ва сарвазири Русия, Владимир Путин.

94 дар сади пурсидашудагон дар Тоҷикистон аз сиёсати раҳбарони Русия ҳимоят кардаанд.

Ин назарсанҷӣ, ки аз тарафи Пажӯҳишгоҳи Геллап дар 104 кишвари ҷаҳон ҷараён гирифт, нишон медиҳад, ки ба сиёсатҳои раҳбарони Русия одамон беш аз ҳама дар Тоҷикистон баҳои мусбат медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки муносибатҳои байни Русия ва Тоҷикистон дар ду соли охир зимни ҳимояти Маскав аз мухолифати сарсахтонаи Узбакистон ба сохтмони Роғун, иҷро нашудани ваъдаи сармоягузории 2 миллиарддолларии Русия дар Тоҷикистон ва баҳсҳои марбут ба пойгоҳи низомию марзбонони рус дар сарҳад бо Афғонистон ва истифода аз фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ ба сардӣ гароидаанд.

Пас, натиҷаҳои ин пурсиш то куҷо воқеият дошта метавонанд? Ин ҳам дар ҳоле ки бархе аз коршиносон мегӯянд, назари ом дар Тоҷикистон нисбати Русия бо назардошти ҳузури наздик ба 2 миллион муҳоҷири тоҷик дар он кишвар ба ҳар ҳол мусбат буда метавонад. Дар ин замина кам касон қатл, латукӯб ва таҳқиру тавҳини муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ба эътибор мегиранд.

Аммо барои шунидани посухи шаҳрвандон ба кӯча-хиёбонҳои Душанбе баромадем ва назари раҳгузаронро ба сиёсатҳои давлатмардони Русия пурсон шудем.

Яке аз онҳо мегӯяд, "мо миннатдор шудамон даркор аст. Ҳамонҳо ҳастанд, ки халқи мо зиндагии худро пеш мебарад. Мо ҷои кор надорем-ку..."

Дигар аз ҳамсӯҳбати мо гуфт: "Ман ҳамчун шаҳрванди ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба ҳамкории дуҷониба бо Русия назари нек дорам. Чунки Русия ба мо ҳамчун шарики низомӣ, иқтисодӣ мебошад. Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат аз Русия вобаста аст."

Посухҳои бештарро дар ин видео бубинед:


Назари Шумо ба сиёсатҳои Русия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00
Линки мустақим

Аксар ҳамсӯҳбатони мо барои он аз Русия сипосгузор буданд, ки ба муҳоҷирони тоҷик иҷозаи кор медиҳад ва маблағе, ки мардикорон ба ватан мефиристанд, рӯзгори ҳазорон нафарро таъмин мекунад.

Бо вуҷуди он ки аз Русия ҳар сол то 700 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон оварда мешавад ва бархе аз муҳоҷирон дар Русия аз дасти нажодпарастон ваҳшиёна ба қатл мерасанд ё мавриди озори пулиси ин кишвар қарор мегиранд, сокинони Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҳамаи умедҳои худро ба Русия рабт медиҳанд.

Ба қавли раиси созмони ғайридавлатии "Оштии миллӣ", Ҳуриниссо Ғаффорзода, шояд пурсиши Геллапро мардуми одии Тоҷикистон андаке дигаргуна фаҳмида бошанд, вале шахсан вай ба шеваи раҳбарии давлатмардони Русия розӣ нест ва меафзояд, ки ҳанӯз ҳам Русия бо кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон ҳамчун бародари бузург муносибат мекунад.

Аз пурсиши созмони Геллап маълум мешавад, ки дар миёни кишварҳои пасошуравӣ аз ҳама бештар сокиони Гурҷистон аз шеваи раҳбарии давлатмардони Русия пуштибонӣ накардаанд ва 76 дар сади сокинони ин кишвар мухолиф изҳори назар кардаанд.
Дар миёни пурсидашудаҳо дар Тоҷикисон ҳамагӣ ду дар сад гуфтаанд, аз сиёсатҳои сарони Русия розӣ нестанд.

Раиси созмони ғайридавлатии "Перспектива плюс", Ойниҳол Бобназоравова мегӯяд, ин ду дарсаде, ки мухолиф будани худро нишон додаанд рӯшан нест, ки аз кадом қишри ҷомеаи Тоҷикистон ҳастанд, вале ба ҳар сурат Русия ҳамчун шарики стратегии Душанбе ҳамнавоии худро гум кардааст.

"Русия бо кишварҳое, ки манофеи геополитикии худро пиёда мекунад, муносибати хуб дорад. Бадбахтона, Русия шарики доимӣ надорад ва дар солҳои ахир як қатор қонуну қарорҳо қабул намуд, ки на ба манфиати мардуми тоҷик ва на ба манфиати муҷоҳирони корӣ ва на ба манфиати давлати Тоҷикистон буд. Бубинед, вақте мо ба ному насаби ниёгони худ баргаштем, ҳукумати Русия вокуниши ҷиддӣ нишон дод ва баъзе аз муҳоҷирони кориро, ки ному насаби ниёгонро авло медонистанд, бо ҳар баҳона истирдод кард",-афзуд ӯ.

Ҳамин тавр бино бар натиҷаҳои назарсанҷии "Геллап" сокинони кишварҳои дигари Шӯравии собиқ, ба мисли Узбакистон ва Қирғизистон низ аз сиёсати раҳбарони Русия пуштибонӣ кардаанд. 84 дар сади пурсидашудагон дар Қирғизистон ва 81 дар сад дар Узбакистон ин сиёсатҳоро мусбат шумурдаанд. Дар Арманистон, ки коршарики раҳбурдии Русия ном бурда мешавад, 75 дар сади сокинонаш аз сиёсати раҳбарони Маскав тарафдорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG