Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон бо гуноҳи ҷосусӣ зиндонӣ шуд


Саидқул Ашӯров мегӯяд, ҳеҷ гуноҳе надорад ва иттиҳомот алайҳи ӯ бофта аст.
Саидқул Ашӯров мегӯяд, ҳеҷ гуноҳе надорад ва иттиҳомот алайҳи ӯ бофта аст.
Додгоҳи низомии Ӯзбакистон Саидқул Ашӯров, як шаҳрванди Тоҷикистонро имрӯз бо гуноҳи ҷосусӣ ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора Облоқул Ризоев бародари Саидқул Ашӯров ба Радиои Озодӣ хабар дод. Сокини 46-солаи шаҳри Панҷакент ва муҳандиси ширкати “Оксус Голд”-и Бритониёро рӯзи 5-уми март имсол, мақомоти Ӯзбакистон зимни вурудаш аз Тоҷикистон ба он кишвар боздошт карданд. Ба гуфтаи маъмурони амнияти Ӯзбакистон, аз Саидқул Ашӯров флешдиске гирифтаанд, ки дар он иттилоъоти махфӣ дар бораи захираҳои тиллои минтақаи Амантантауи Ӯзбакистон ҳифз шудааст. Аммо Сӯҳроб Исмоилов, яке аз мушовирони “Оксус Голд” мегӯяд, ин иттилоъот махфӣ нест ва дар интернет низ дастрас аст. Саидқул Ашӯров тамоми иттиҳомоти ҷосусиро рад кардааст. "Оксус Голд" 50 дар сади саҳмияҳои корхонаи муштараки Ӯзбакистону Бритониё “Конҳои тиллои Амантантау”-ро дар даст дорад ва ҳоло миёни ду тараф кашмакаш ба сари ин ширкат идома дорад. Вакилони дифоъаш гуфтаанд, аз рӯи ҳукми Додгоҳи низомии Ӯзбакистон ба додгоҳи болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Қабл аз эъломи ин ҳукм Роберт Амстердам, вакили дифоъи ширкати “Оксус Голд” ба Радиои Озолӣ гуфт, боздошти Саидқул Ашӯров ғайриқонунӣ ва бар хилофи тамоми меъёрҳои байналмилалӣ аст: “Ҷаноби Ашӯров аз тарафи мақомоти Узбакистон бо баҳонаҳои бофтаи навъе ҷосусӣ худсарона боздошт шудааст. Ҳеҷ заминаи қонунӣ барои боздошти ӯ вуҷуд надорад. “ Вакили дифоъаш гуфтааст, аз ҳукми додгоҳи низомии Ӯзбакистон ба додгоҳи болоӣ шикоят хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG