Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масоҷиди Кӯлоб бо нашъмандӣ мубориза мебаранд


Пушти дарҳои масоҷиди Кўлоб шиори «нашъмандӣ ҳаром аст» насб хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ба тозагӣ ҷасади ҷавоне бо номи Зафар аз хиёбонҳои ин шаҳр пайдо шудааст, ки ба қавли мақомот бо эҳтимоли зиёд аз истеъмоли зиёди маводи мухаддир фавтидааст.

Абдуҷаббор Ҳазратов, директори маркази вилоятии мубориза зидди нашъмандӣ дар минтақаи Кўлоб мегўяд, дар моҳи Рамазон тасмим доранд, то дар масоҷиди намози панҷвақта бо ҳамроҳии имомхатибон тарғиботи густурдаеро ба роҳ монанд. Ба гуфтаи Ҳазратов, таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки тарғибот бо чунин роҳ таъсирбахштар аст.

Вай афзуд: «Аз нигоҳи ислом, истеъмоли нашъа, машруботи спиртӣ
Абдуҷаббор Ҳазратов, директори маркази вилоятии мубориза зидди нашъмандӣ дар минтақаи Кўлоб

ҳаром аст. Мардуми мо аксаран мусалмонанд ва ҳоло тақрибан аҳли хонавода нест, ки як нафараш дар намози таровеҳ иштирок накунад. Вақте, ки имомхатибон ин мавзўъро мебардоранд, боз таъсираш ба фикрам дигархелтар аст.»

Домулло Холмурод, имомхатиби масҷиди маҳаллаи Чармгарони Кўлоб аз шумори он рўҳониёнест, ки намози ҷанозаи чанд ҷавони нашъамандро хондааст. Ба гуфтаи ў, аксари ҷавонон аз нофаҳмӣ ба ин роҳ мераванд ва ҷони худро қурбон мекунанд. Ӯ мегўяд, борҳо дар маросимҳои ҷаноза ва намозҳои рўзи ҷумъа аз хатароти нашъмандӣ аз нигоҳи ислом мавъизаҳо кардааст. Чун ин кор ба манфиати ҷомеъа ҳаст, мегўяд Домулло Холмурод, омода ҳаст, бо далелҳои рӯшан аз китоби «Қуръон» ва ҳадисҳои паёмбар ин мавзўъро ба ҷавонон бифаҳмонад.

Вай гуфт: «Дар ҷанозаи чанд нафари онҳо иштирок дошта, ба ҷавонон ин нуктаро таъкид кардаем. Таъкид мекунем бар ҷавонон, ки аз нашъмандӣ парҳез кунанд. Ин корро оқибаташ марг аст. Марги ғайриинсонӣ, ки дар лаби ҷуйбору қади кўча бехабар афтида, аз дунё мегузарӣ. Барои ҳамин таъкид мекунем, ки ҷавонон азиз дар исломи мо ин ҳаром ҳаст ва чун шумо мусалмон ҳастед, чунин накунед.
Домулло Холмурод, имомхатиби масҷиди маҳаллаи Чармгарони Кўлоб

Падару модарон ба умеди шумо ҳастанд, ки дастёрашон мешавед, на ин ки сару либосу чизу чораи онҳоро дуздида, дар роҳи ҳаром истифода мебаред. Ҳайф аст, гуноҳ аст, ба ин роҳ рафтан.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини Раёсати корҳои дохила дар минтақаи Кўлоб аз фавти наздики даҳ нафар бар асари аз меъёр зиёд истеъмол намудани маводи мухаддир хабар медиҳанд.

Шариф Латипов, як масъули Раёсати корҳои дохила дар минтақаи Кўлоб мегўяд, дар чанд соли беш шумора ва фавти нашъамандон хеле коҳиш ёфта буд, аммо оморе, ки имсол рўи даст доранд, онҳоро ҳайрон кардааст. Вай афзуд, онҳо талош доранд, то фурӯшандагони маводи мухаддир дар дохилро пайдо ва боздошт кунанд.

Ҷаноби Латипов афзуд: «Тақрибан дар шаш моҳ кормандони милисаи шаҳру минтақа 15 нафарро, ки бангдона мефурӯхтанд, боздошт кардаанд. Аммо ҳамаи онҳоро ба якборагӣ боздошт кардан мушкил аст, зеро онҳо хеле пинҳонӣ ба фурӯши ин мавод даст мезананд. Барои боздошти фурӯшандагони маводи мухаддир вақт ва факту далел лозим аст. Лек кормандони мо кӯшиш мекунанд, то ҳар нафареро, ки ба ин кор даст мезанад, боздошт намоянд.»

Ҷаҳоноро, модари як ҷавоне, ки соле пеш бо ин иллат даргузаштааст, зимни сўҳбат бо мо гуфт, фарзандаш то хатми мактаб одоби хуб дошт. Ӯ гуфт: «Вақте, ки мактабро хатм кард, натавонистем ўро ба ҷое дохил кунем. Баъд дидем, ки як ду рафиқи рафторашон нохуб пайдо кардааст. Насиҳат кардем, аммо мегуфт, ки ҳеҷ бероҳагӣ намекунад. Бояд мо ба гапаш бовар намекардем ва сахташ мегирифтем. То мурданаш бовар надоштем, ки ў ба ин роҳ рафтааст. Падару модар ҳамин хел будааст, ки ба гуноҳи фарзандаш бовариаш намеояд.»

Аммо Абдуҷаббор Ҳазратов, директории Маркази мубориза бар зидди нашъмандӣ мегўяд, иллати фавти нашъамандон дар он аст, ки онҳо худро

назди пизишкон ошкор намекунанд. Ба гуфтаи Ҳазратов, беш аз ду сад нафар нашъманд худро назди пизишкон ошкор кардаанд, ки феълан табобат гирифта, вазъи сиҳатиашон хуб аст.

Тарғиботи зидди нашъмандӣ дар масоҷид, ба гуфтаи ин масъул, ҳадафҳои ҷиддӣ дорад. Дар ҳоле, ки имомхатибон нашъамандиро ҳаром ҳукм мекунанд, афроди намозхонеро, ки наздиконашон мӯътод ҳастанд, барои табобат ва шифоёбии наздики беморашон талоши бештар хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG