Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми тунди Эрдуғон ба режими Асад


Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон имрӯз аз давлати Сурия даъват кард, то 15 рӯзи оянда ба сӯи ислоҳот иқдом кунад. Туркия дар солҳои охир бо Сурия равобити наздики тиҷорӣ дорад ва Эрдуғон гуфт, “паёми Туркия ба Башшор Асад хеле возеҳ аст: ҳар навъ хушунату хунрезӣ бояд қатъ шавад!” Ин дар ҳолест, ки Асад дирӯз ба вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудуғлу гуфт, ки давлати ӯ таъқиби «гурӯҳҳои террористӣ»-ро бераҳмона идома хоҳад дод. Имрӯз ҳамчунин қарор аст, фиристодаҳои Бразилияву Ҳинд ва Африқои ҷанубӣ дар Димишқ аз мақомоти Сурия қатъи саркӯбии эътирозҳои алайҳи режими Башшор Асадро талаб кунанд. Мухолифин мегӯянд, амалиёти артиши Сурия алайҳи эътирозгарон вусъат гирифта, нирӯҳо имрӯз ба шаҳрҳои Тафтаноз ва Сермин дар наздикии марзи Туркия ҳамла оварданд ва аз шаҳри Дайруззор низ имрӯз садои тиру тӯп меомад. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, дар ҷараёни эътирозҳои Сурия ҳудуди 1700 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG