Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Статус-кво" - роҳ ба сӯи нобудии аҳзоби мухолиф


Мизи гирди аҳзоби сиёсӣ(акс аз бойгонӣ)

Мизи гирди аҳзоби сиёсӣ(акс аз бойгонӣ)

Имрӯз, 10-уми август, аз таъсиси ҲДТ-нахустин ташаккули сиёсии мухолиф дар кишвар 21 сол сипарӣ шуд.

Ин ҳизб ва ҳам ҳизби дигари мухолиф-ҲНИТ дуруст дар замони шӯравӣ иҷозаи расмии фаъолиятро дарёфт карда по ба арсаи сиёсат гузоштанд. Ва дар як муддати кӯтоҳ дар кишвар машҳур шуданд. Дар баробари ҳокимият ва амалкарду барномаҳои он ошкоро мавқеъгирӣ мекарданд. Аммо, имрӯз бо гузашти наздик ба 20 сол аз замони истиқлол нерӯҳои сиёсии мухолиф дар чӣ вазъият қарор доранд. Тавони онҳо то куҷост ва аз чӣ шароите бархӯрдор ҳастанд?

МОНЕАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ АҲЗОБ КАДОМҲОЯНД?

Ҷамъбасти якҷонибаи интихоботҳои парлумонӣ, фишорҳои

ниҳониву равонии давомдор ба аъзои фаъол, адами дастрасии роҳбарони ин гурӯҳҳо ба расонаҳои сартосарии кишвар ва эҷоди дигар мавонеи маъмуриву ҳуқуқии мақомот болои аҳзоби дигарандеш боис шудааст, ки ин нерӯҳо ҷойгоҳ ва мақоми муносиберо дар ҷомеа ба даст наоваранд.

Ин нукоти интиқодиест, ки ҳамвора дар гузоришҳоаз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ғарбӣ дар мавриди вазъи низоми демократӣ ва озодиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон садо медиҳад. Бархе аз таҳлилгарон ва коршиносони тоҷик низ бо таъйиди чунин арзёбиҳо мегӯянд аҳзоби сиёсӣ ба унвони ниҳоди муҳими низоми демократӣ дар Тоҷикистон то кунун мақом касб накардааст.

АҲЗОБИ РӮҲАФТОДА ВА АФСУРДА?

Абдуғанӣ Мамадазимов-раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, бахусус бидуни натиҷаи дилхоҳ берун омадани аҳзоби мухолиф аз интихоботҳо онҳо ва аз ҷумла шахсиятҳои ин ҳизбҳоро ба як ҳолати рӯҳафтодагӣ ва афсурдагӣ овардааст: «Дар интихобот тақаллубкорӣ шуд ва дар натиҷа худи аҳзоби сиёсӣ низ аз такрори чунин
Абдуғанӣ Мамадазимов-раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон

вазъ рӯҳафтода шуданд, бархе аз фаъолони ин ҳизбҳо ба сафи муҳоҷирин паваста озими Русия шуданд ва бархе аз онҳо бо роҳандозии тиҷорат дигар майли бозгашт надоранд. Зеро дар Тоҷикистон ягон тағйироти сифатан нав дида намешавад. Ва як навъ апатия бефарқиро ба ҳама чиз ба бор овардааст. Кадом як ҷӯшу хурӯш мушоҳида намешавад.»

Вале ҳамзамон бо ин, бархе дигар аз коршиносон бар ин назаранд, ки на танҳо давлат ва маҳдудиятҳои эъмолкардаи он аст, ки аҳзоби дигарандеш ва мухолиф дар ҷомеа аз нуфуз ва манзалате камтар ва ё аслан аз кадом як ҷойгоҳе бархӯрдор намешаванд.

"БАРОИ РАҲБАРОНИ АҲЗОБ ШАРОИТИ МАВҶУДА МАЪҚУЛ АСТ."

Саймиддин Дӯстов-масъули созмони иҷтимоии «Индем» мӯътақид аст, ки аҳзоби мухолиф аз ҷумла ҲДТ, ҲНИТ, ҲСДТ имрӯз дар сурати якҷошавӣ ҳам аз лиҳози кадриву молиявӣ наметавонанд аз ҳамин вазъияте, ки доранд берун оянд. Зеро мегӯяд оқои Дӯстов, барои роҳбарони ин ҳизбҳо
Саймиддин Дӯстов-масъули созмони иҷтимоии «Индем»

шароити мавҷуда маъқул аст: "Ин «статус-кво» ҳам ба нерӯҳои исломӣ ва ҳам ба нерӯе, ки имрӯз ҳукуматро ташкил медиҳад хос аст, зеро онҳо танҳо дар ҳамин доира бо ҳам муносибат карда метавонанд. Инҳо барои иваз кардани вазъи сиёсӣ тақрибан ҳеҷ барнома ва нақша на дар дарозмуддат ва на кӯтоҳмуддат надоранд ва чунин шароит барои онҳо мусоид аст."

Ин коршиносон ба ишора ба қабули бархе аз қавонин дар ин авохир, ки барои эътирозоти мадание чун эътисоби ғизо ва тазоҳуроту раҳпаймоиҳо шароити душвортареро пешбинӣ мекунад, таъкид карданд, ки худи давлат дар талоши ҳамкорӣ бо аҳзоби дигарандеш нест ва баръакс низоми мавҷуда ҳарчи бештар ба самти авторитаризм тамоюл пайдо карда барои ҳузури нерӯҳои дигар имкон намедиҳад.

"ДАВЛАТ ҶОНИБДОРИ СИСТЕМАИ БИСЁРҲИЗБИСТ."

Аммо Сайфулло Сафаров-муовини мудири Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ин иддаоро радд карда гуфт, ки давлат ҳавасманди ҳузури нерӯҳои гуногунандеш аст ва ин меъёри
Сайфулло Сафаров-муовини мудири Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон

низоми демократӣ дар Қонуни асосӣ низ тазаккур ёфтааст: «Давлат мехоҳад, ки дар Тоҷикистон низоми демократӣ ва системаи бисёрҳизбӣ пурқувват шавад ва гуногунандешӣ ривоҷ ёбад. Аз ин рӯ ҳама он аҳзобии расмӣ онҳо метавонанд бо имконот ва нерӯи худ албатта фаъолият баранд ва ҳеҷ кас пеши роҳи онҳоро гирифта наметавонад.»

ШАХСИЯТҲО МУАССИРТАР АЗ АҲЗОБ?

Бархе дигар аз коршиносон бар ин назаранд, ки дар ҷомеаҳое мисли ҷомеаи Тоҷикистон баъид аст, ки аҳзоби сиёсӣ болотар аз нуфузи шахсиятҳо мақом пайдо кунанд. Саъди Юсуфӣ-коршиноси тоҷик мӯътақид аст, ки дар ҷомеаҳои суннатӣ анъана ва урф ба душворӣ иваз мешавад ва аз ин ҷиҳат ҳамоно манзалат ва обрӯи як шахсияти шинохта дар ҷомеа болотар аз як ҳизб аст: «Ҳамеша гапи асосиро шахсиятҳо мегӯянд. Нақши асосиро низ онҳо бозӣ мекунанд, гарчанде дар дохил мо низоми демократӣ дорем ва дар бораи мурооти қонун ва ҳуқуқ бештар гуфта
Саъди Юсуфӣ-коршиноси тоҷик

мешавад. Вале воқеияти ҳол ин аст, ки шахсиятҳо ҳастанд, ки нақши бештар аз ҳар системаву ҳар қонуни дигар бозӣ мекунанд дар ҷомеаи мо.»

Бо ин ҳол коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки дар ин чанд соли баъдӣ низ гумон аст, ки аҳзоби сиёсии дигаре битавонанд вориди майдон шаванд ва ҷойгоҳи муносиб пайдо кунанд. Зеро ҷанги шаҳрвандии охири асри гузашта барои муддати номаълум ҷомеаро ба ду қисмат кардааст ва ҳар нерӯву шахсияти дигаре ҳам ояд намоянда аз ин ду гурӯҳ хоҳад буд. Ҳамон гуна, ки ду намояндаи ҲНИТ дар парлумон ҳамчун намояндаи мухолифин муаррифӣ мешаванд ва бақия аз ҳукумат ва ё ҳаводор ба ҳукумат. Аммо ба эътиқоди бештари коршиносон, вуруди ин ду намояндаи мухолифин ҳамоно натиҷаи Созишномаи умумии сулҳ аст, ки дар соли 97 миёни ҳукумат ва мухолифин баста шуда буд, на натиҷаи заҳмат ва талошҳои ҲНИ дар муборизаҳои осоиштаи сиёсӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG