Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрванди Тоҷикистон, қурбонии кашмакашҳо ва бозиҳои ҷосусӣ


Cаидқул Ашӯров

Cаидқул Ашӯров

Додгоҳи низомии Ӯзбакистон Саидқул Ашӯров, як шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи чаҳоршанбе бо гуноҳи ҷосусӣ ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Дар ин бора Облоқул Ризоев бародари Саидқул Ашӯров ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Саидқул Ашӯров, ки Африқои Ҷанубии дурдастро гузошта наздиктар ба аҳли хонаводааш, барои кор ба кишвари ҳамсоя Узбакистон омада буд, шояд ҳеҷ гоҳ тасаввур намекард, ки ӯро ба ҷосусӣ ва аз дидори азизонаш маҳрум мекунанд.

ПАНҶ МОҲ БОЗ ДАР БОЗДОШТ

Хонавода ва наздикони Саидқул Ашӯров, як сокини шаҳри Панҷакент ва аз муҳандисони соҳибтаҷрибаи тоҷик, аз рӯзи 5-уми март то кунун хобу оромиш гум кардаанд, ки дар ҳамон рӯз дар Узбакистон боздошт ва сипас ба ҷосусӣ муттаҳам шуд. Саидқул Ашӯров аз он рӯз то кунун танҳо як маротиба бародараш Облоқул Ризоев дидааст, дигар зану се фарзанди ноболиғашро мақомоти Ӯзбакистон аз дидори ӯ маҳрум кардаанд.

Саидқул Ашӯров, ки муҳокимааш паси дарҳои бастааш дар Додгоҳи низомии Узбакистон идома дошт, сармуҳандиси ширкати муштараки Узбакистону Бритониё “Конҳои тиллои Амантантау” буд, ки ду тараф сари он кашмакашу ҷанҷол доранд. Роберт Амстердам, вакили дифоъи ширкати “Оксус Голд”-и Бритониё, молики 50 дар сади саҳмияҳои ширкати муштарак мегӯяд, боздошти Саидқул Ашӯров, як нақзи фоҳиши ҳуқуқи инсон аз тарафи мақомоти Узбакистон аст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҷаноби Ашӯров аз тарафи мақомоти Узбакистон бо баҳонаҳои бофтаи навъе ҷосусӣ худсарона боздошт шудааст. Ҳеҷ заминаи қонунӣ барои боздошти ӯ вуҷуд надорад. “

БОЗДОШТ БАРОИ "ҶОСУСӢ"

Ба гуфтаи Роберт Амстердам ва Облоқул Ризоев бародари Саидқул Ашӯров, бо худ доштани як флешдиск ва компютер кофӣ будааст, ки шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷосусӣ, ишфои асрори давлатӣ ва ҷамъоварии ғайриқонунӣ ва ифшои иттилоъоти махфӣ муттаҳам кунанд. Талоши Радиои Озодӣ барои сӯҳбат бо мақомоти интизомии Узбакистон ҳеҷ натиҷае надод.

Вале Сӯҳроб Исмоилов, раҳбари як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Узбакистон ва мушовири ширкати “Оксус Голд” ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Узбакистон, иттилооти мавҷуд дар бораи захираҳои тиллои минтақаи Амантантау дар флешдискро, сирри махфӣ хондаанд, агарчӣ он барои Саидқул Ашӯров иттилоъи оддии корӣ буда ва барои умум дастрас будааст: “Бисёри иттилооти мавҷуд дар флешдиск, тақрибан 99 дарсади онҳо сирри махфӣ нест ва инро додгоҳ ҳам собит кард ва ин иттилоъро озодона аз интернет метавон гирифт. Баъзе аз он иттилоот дар торнамои ширкати муштарак гузошта шудааст. Дар онҷо фақат як санад буд, ки роҳҳои интиқоли тиллоро нишон медиҳад, ки он ҳам аз соли 2009 ва аҳамияташро аз даст додааст. “

АШӮРОВ ИТТИҲОМОТРО РАД МЕКУНАД

Ба гуфтаи Сӯҳроб Исмоилов, ки бо вакили дифоъи Саидқул Ашӯров дар иртибот будааст, ӯ тамоми иттиҳомотро рад мекунад, бо вуҷуди онки таҳти фишори равонӣ аз тарафи маъмурони амниятӣ қарор гирифтааст. Худи вакили дифоаш Мақсуд Тулканов аз сӯҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ кард, зеро Кумитаи амнияти миллии Узбакистон ӯро аз ҳаққи сӯҳбат доир ба ин парванда маҳрум кардааст.

Облоқул Ризоев, бародари Саидқул Ашӯров мегӯяд, тамоми ҷаҳду талошҳояшон барои расидагӣ ба сарнавишти бародараш натиҷа надодааст: “Ба ягон кас нишон намедиҳанд, гап заданӣ иҷозат намедиҳанд, хешу таборро диданӣ иҷозат намедиҳанд. Мо ба Созмони Милал, Кумиссариёи олии ҳуқуқи инсони СММ муроҷиат кардем, ҳеҷ, ба Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё муроҷиат кардем, ҳеҷ.”

ТОҶИКИСТОН ХОСТОРИ РАҲОИИ АШӮРОВ ШУДААСТ

Ҳукумати Тоҷикистон ҳам аз давлати Узбакистон хостааст, то ба дипломатҳои кишвар барои ҳузур дар муҳокимаи Саидқул Ашӯров иҷоза диҳанд, аммо посухи онҳо сукут будааст. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷа дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Сафорати мо дар Тошканд ба вазорати корҳои хориҷии Узбакистон ёддошт фиристодааст, бо мақсади шинос шудан ба ин қазия ва дар муҳокимаи додгоҳии ин шахс иштирок кардан, лекин то ҳозир аз ҷониби Узбакистон ҷавоб нагирифтаанд."

Облоқул Ризоев, Роберт Амстердам ва Сӯҳроб Исмоилов мегӯянд, зоҳиран Саидқул Ашӯров, ки се фарзанди ноболиғаш муштоқи дидори падар ҳастанд, қурбонии кашмакашҳои “Оксус Голд” бо давлати Узбакистон ва ҳам муносиботи бади ин кишвар бо Тоҷикистон шудаанд. Сӯҳроб Исмоилов мегӯяд: “Ду сабаб вуҷуд дорад, якум ин, ки Саидқул, яке аз мақомҳои баланди Оксус буд ва дуввум ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст ва мо медонем, ки ҳарду ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбакистон ҷосусбозӣ мекунанд. Тоҷикҳо ҷосусҳои моро медоранд ва узбакҳо ҷосусҳои Тоҷикистонро. Аз ин рӯ, ба андешаи мо шаҳрвандии Саидқул баҳонаи муносибе барои давлати Узбакистон шуд. “

"ҶОСУСБОЗИҲО"-И ТОҶИКИСТОН ВА УЗБАКИСТОН

Дар Тоҷикистон тайи чанд соли ахир, чандин нафар аз шаҳрвандони Узбакистон ва худи Тоҷикистонро бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Тошканд ба зиндон андохтаанд. Аммо дар ин миён ҳоло Саидқул Ашӯров ранҷ мекашад, ки ба гуфтаи Сӯҳроб Исмоилов, баъди боздошт ба бемории зардпарвинаш бастаи бемориҳои дигар, илтиҳоби шуш, бавосир изофа шудааст ва дар шароити зиндон дармони ин бемориҳо ғайримумкин аст. Вакилони дифоъаш, хостаанд, додгоҳ ӯро бо назардошти далоили инсондӯстӣ раҳо кунад. Баъзе аз ҳамкорони Саидқул Ашӯров, вебсайти махсусеро барои раҳоии таъсис додаанд, ки дар он доир ба сарнавишти ӯ иттилоъоти бештар метавон ёфт. http://freesaidashurov.com/

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG