Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Д.Камерон: Давлат ба хушунатҳо поён хоҳад дод


Девид Камерон
Девид Камерон
Сарвазири Бритониё Девид Камерон имрӯз гуфт, давлат ба хушунатҳое, ки 4 рӯз боз идома доранд, поён хоҳад дод. Ошӯбҳоеро, ки чандин шаҳри Бритониёро ба коми оташу яғмо кашид, бадтарин ошӯбҳо дар тақрибан 30 соли охир дар Бритониё меноманд.
Камерон дар паёми телевизиониаш гуфт, ба хотири таъмини тартибот аз тамоми тадобири мумкин, аз ҷумла аз тӯпҳои об, ки то кунун дар Бритониё ягон бор истифода нашудааст, кор хоҳанд бурд: «Ин хушунати давомдор қобили қабул нест ва бояд қатъ шавад. Мо ба ин дар кишвари худ роҳ нахоҳем дод ва намегузорем, ки фарҳанги тарсу ҳарос дар кӯчаҳои мо ҷои по пайдо кунад.»
Шаби гузашта дар пайи истиқрори ҳазорон пулис Лондон ором буд, вале шаҳрҳои дигаре, чун Манчестер ва Бирмингем дучори ошӯбҳо шуданд. Дар Бирмингем 3 нафар дар ҷараёни ошӯбҳо зери мошин монда, ҳалок шудаанд. Танҳо дар Лондон то имрӯз наздики 800 нафар боздошт шудаанд.
Эркин Қосимов, сафири Тоҷикистон дар Бритониё ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ошӯбҳои ахир дар ин кишвар касе аз атбоъи тоҷик осеб надидааст. Оқои Қосимов гуфт, шумори шаҳрвандони тоҷики муқими Бритониё, ки худро дар сафорат сабти ном кардаанд, тақрибан 67 нафар буда, касе аз онҳо осеб надидааст ва барои кумак низ ба сафорат низ то ҳол ҳеҷ кадоме муроҷиат накардааст.
XS
SM
MD
LG