Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Қосимов: Дар Бритониё ягон тоҷик осеб надидааст


Эркин Қосимов, сафири Тоҷикистон дар Бритониё ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ошӯбҳои ахир дар ин кишвар касе аз атбоъи тоҷик осеб надидааст. Оқои Қосимов гуфт, шумори шаҳрвандони тоҷики муқими Бритониё, ки худро дар сафорат сабти ном кардаанд, тақрибан 67 нафар буда, касе аз онҳо осеб надидааст ва барои кумак низ ба сафорат низ то ҳол ҳеҷ кадоме муроҷиат накардааст.
Ошӯбҳо дар саросари Бритониё шаби гузашта низ идома дошт, вале Лондон дар шаби чоруми ошӯбҳо асосан ором буд. Беназмиҳову сӯхтанҳо ва ғоратгариеро, ки рӯзи шанбе дар пайи ҳалокати як ҷавон аз тири пулис дар Тоттенҳем оғоз ёфт, бадтарин ошӯбҳо дар Бритониё аз солҳои 80 ба ин сӯ меноманд. Пулис мегӯяд, 3 мард дар Бирмингем дар ҷараёни ошӯбҳо зери мошин монда, ҳалок шудаанд. Барои ҳифзи тартибот дар Лондон 16 000 нерӯи пулис басиҷ шуда, то имрӯз дар пойтахти Бритониё 768 нафар боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG